Видео Ҳамаи видеоҳо



Харитаи сармоягузорӣ



Китоби "Имкониятҳои инвестиционии Тоҷикистон"

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ дар самти татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва ҳамгироии бештар ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ талош меварзад. Натиҷаи ин талошҳо буд, ки таи солҳои охир ислоҳотҳои иқтисодӣ амалӣ гардида, дастовардҳо ба монанди беҳтаргардонии фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ба бор омаданд. Ҳамзамон, ҷараёни ислоҳоти институтсионалӣ бо маром идома дошта, инфрасохтори воқеии иқтисодиёти бозоргонӣ ташаккул меёбад. Инчунин, дар ин раванд татбиқи ислоҳоти мақомотҳои идоракунии давлатӣ мавриди амал қарор гирифтааст. Маводҳои дар маҷмуаи «Инвестиционные возможности Таджикистана» - и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирд овардашуда ба онҳое, ки тиҷорати худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва ривоҷ доданианд, кўмаки амалӣ расонда метавонад.

Давом »

 

Курби асъор нисбати сомони TJS дар 25.09.2017

1 USD.
1 EUR.
1 RUB
  • МАРҲАБО БА СОМОНАИ МО!

    Бо арзи самимият ва эҳтироми хоса барои таваҷҷуҳатон нисбати сомонаи расмии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос менамоем.

    Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва саъю талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшҳои Стратегияи миллии рушд, ки вазифаҳоро дар самти ислоҳоти идораи давлатӣ, беҳбуди фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ, ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҳамгироӣ бо иқтисоди ҷаҳонӣ, ки дар маҷмўъ ба пешрафти иқтисодӣ ва расидан ба ҳадафҳои асосии рушд дар кишвар мусоидат мекунанд, тараққӣ ёфт. Айни ҳол бо доштани фазои устувори сиёсӣ, қабули саривақтии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таҳкими муносибатҳо миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва шарикони рушд ва татбиқи иқдомҳои созандаи давлату ҳукумат рушди иқтисодиётиҶумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 7 фоизро дар як сол ташкил медиҳад.

    Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор,
    Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ
    ва идораи амволи давлатии
    Ҷумҳурии Тоҷикистон
     

    Давом»


Хабарҳои навинҲамаи хабарҳо