Консепсияи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                                           

 

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон ва сармоягузорон

Макони баргузорӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе

14-15 октябри соли 2014

 

 

КОНСЕПСИЯИ

мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон ва сармоягузорон ва Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе-2014

 

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон ва сармоягузорон бо ташаббус ва супориши Сарвари давлат, Раиси Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар ҷаласаи 13-уми Шўрои машваратӣ аз 30 майи соли 2014 гузаронида мешавад.

Дар замони муосир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инфрасохтор, энергетика, саноат, фаъолияти бонкӣ, молия ва кишоварзӣ аз ҷумлаи соҳаҳое мебошанд, ки ба онҳо аксарияти сармоягузориҳои хориҷӣ ҷалб карда мешаванд. Дар бахши сайёҳӣ низ имкониятҳо ва иқтидори васеи рушд муайян карда шудаанд.

Бояд қайд кард, ки ҷалби бештари сармоягузориҳо ва рушди соҳибкорӣ тавассути беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва мутобиқ намудани онҳо ба меъёрҳои байналмилалӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодиву иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Бо назардошти ин, дар ҷаласаи 13-уми Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 30 майи соли 2014 Президенти мамлакат, Раиси Шўрои машваратӣ, Ҷаноби олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки ҷиҳати дар моҳи октябри соли 2014 гузаронидани мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорону сармоягузорон, Кумитаи тадорукот таъсис дода, барои дар сатҳи баланд доир намудани чорабинии мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Аз ин рў, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Нақшаи чорабиниҳоро вобаста ба ташкил ва гузаронидани мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон ва сармоягузорон таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки тибқи он ҷанбаҳои асосии мулоқот муайян карда шудаанд.

Ҳадафҳои мулоқот:

1. Мусоидат намудан ба ҷалби боз ҳам бештари сармоягузориҳо ва дарёфти сарчашмаҳои афзалиятноки маблағгузориҳои дарозмуддати сармоягузорӣ.

2. Мубодилаи афкор бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ ва дар ин замина тақвият бахшидан ба ислоҳот ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахшҳои саноати миллӣ, навсозии техникиву технологии корхонаҳои саноатӣ, коркарди пурраи ашёи хоми маҳалӣ, истеҳсоли маҳсулоти тайёри рақобатпазир ва ҷавобгўи стандартҳои байналмилалӣ, рушди имкониятҳои содиротии мамлакат.

3. Мусоидат намудан ба мубодилаи иттилоот, робита ва таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ҷиҳати рушди ҳамкории соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ.

4. Муайян намудани самтҳо ва роҳҳои асосии васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ бо мақсади дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди саноат дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ.

Натиҷаҳои пешбинишаванда:

  Баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ оид ба масъалаҳо ва имкониятҳои рушди фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, ҳавасмандгардонӣ ва тарғибу ташфиқи ҳисси ватандустӣ дар онҳо барои гузоштани саҳми худ дар рушди устувори иқтисодии мамлакат;

  Муттаҳид намудани кўшишҳо баҳри васеъ намудани имкониятҳои иқтисодиву ҳуқуқии соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди рушди сармоягузориву соҳибкорӣ дар кишвар;

  Рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар бахшҳои саноат дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо истифодаи технологияҳои муосир дар соҳаҳои истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва аз ҷиҳати экологӣ безарар;

  Тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар самти гузаронидани корҳои таҳлилӣ, ки ба рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ мусоидат мекунад;

  Бунёди замина барои ҳамгироии минбаъдаи иқтисодиёти мамлакат ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва тақвият бахшидани муносибатҳои иқтисодии берунии давлатҳо.

Иштирокчиён:

Соҳибкорон ва сармоягузорон;

Намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Намояндагони созмонҳои байналмилалии молиявӣ;

Ҷомеаи шаҳрвандӣ;

Васоити ахбори омма.

Барнома:

Дар доираи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон ва сармоягузорон гузаронидани чорабиниҳои зерин пешбинӣ мегардад:

Рўзи якум: Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон ва сармоягузорон, мубодилаи афкор ва қадрдонии соҳибкорону сармоягузорони арзанда.

Рўзи дуюм: Доир намудани Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе-2014 бо иштироки намояндагони созмонҳои байналмилалии молиявӣ, соҳибкорон ва сармоягузорон. Дар форуми мазкур мавзўъҳои иқтисодӣ, аз қабили сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, саноат, кишоварзӣ, инфрасохтор, молия ва бонкдорӣ дар Тоҷикистон дар бахшҳои алоҳида мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Мавзўҳои асосии Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе-2014:

Бахши ифтитоҳӣ:

Тоҷикистон – стратегияи рушди соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва тиҷорат

Имкониятҳо ва дурнамои рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистон

Ҳамкории минтакавӣ ва алоқаи байниҳамдигарӣ

Афзалиятҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бунёди фазои мусоиди сармоягузорӣ. Сиёсат ва ислоҳоти асосии ба ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ мусоидаткунанда

Татбиқи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ баҳри рушди бахши хизматрасониҳои иҷтимоӣ

Соддагардонии расмиёт барои сармоягузорон

Бартараф намудани монеаҳои рушди тиҷорати байналмилалӣ барои соҳибкории хурд ва миёна, аз ҷумла танзими гумрукӣ ва воридшавӣ ба СУС

I. Рушди низоми устувори молиявӣ:

Тақвият додани эътимод ба низоми бонкии мамлакат. Афзалиятҳо дар қарздиҳӣ ба бахши хусусӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ

Мукаммал намудани заминаи қонунгузории бонкӣ, танзим ва назорат

Ҷорӣ намудани бонкдории исломӣ

Имкониятҳои истифодаи лизинги молиявӣ

Баланд бардоштани саҳми бахши суғурта дар рушди фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ

Муосирнамоии инфрасохтори бонкдорӣ ва хизматрасониҳои молиявӣ

Нақши ҳалкунандаи ҷалби сармояи хориҷии ташкилоти байналмилалии молиявӣ ва имкониятҳо барои бонкҳои байналмилалӣ

Дурнамои рушди бахши молиявии Тоҷикистон дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ

Бозори такрории қоғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ ҳамчун сарчашмаи боэътимоди сармоягузориҳои дарозмуддат

II. Сармоягузориҳо ва бахши энергетика:  

Татбиқи афзалиятҳои стратегии Тоҷикистон дар бахши энергетика  

Таъмини амнияти энергетикии иқтисодиёти миллӣ   

Сармоягузориҳо ба таъмини муназзами неруи барқ

Истифодаи сарчашмаҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаи энергия барои рушди устувор. Рушди гидроэнергетика

Рушди инфрасохтори энергетикӣ ва робитаҳои байниҳамдигарии наздисарҳадӣ

Такрористеҳсоли иқтидори энергетикии рушди устувор

Самтҳои афзалиятноки рушди инноватсионии бахши энергетика

Масъалаҳои воридшавӣ ба бозорҳои минтақавии энергетикӣ

III. Рушди соҳаҳои саноат ва хизматрасонӣ тавассути соҳибкорӣ:

Модернизатсия ва рушди инноватсионии бахшҳои саноат. Аз кишвари аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалию саноатӣ

Имкониятҳо ва афзалиятҳои рушди саноати истихроҷ ва коркард

Рушди саноати сабук

Заминаи ҳуқуқӣ ва танзими сармоягузориҳо дар саноати истихроҷ

Минтақаҳои озоди иқтисодӣ – роҳҳои инноватсионии рушд

Имкониятҳои рушди туризм. Рушди туризми экологӣ, туризми дар ҷамъиятҳои маҳаллӣ асосёфта ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ

Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ

IV. Сармоягузориҳо ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ:

Маблағгузории инфрасохтор –имкониятҳои нав барои шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Нақши шарикони рушд, ташкилотҳои дуҷониба ва бисерҷониба, ҷалби бахши хусусӣ

Сиёсати рушди шабакаҳои логистикии тиҷорати минтақавӣ ва шабакаи нақлиёт мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ

Ҷорӣ намудани хизматрасониҳои бисёрҷанбаи логистикӣ –иқтидори транзитии Тоҷикистон

Муосирнамоӣ, рушд ва вобастагии ҳамдигарии шабакаи нақлиёти роҳи оҳан

Рушди инфрасохтори шаҳрӣ

Имкониятҳо барои таъминкунандагони хизматрасониҳои логистикӣ

Тоҷикистон дар роҳи байни бандарҳои уқёнуси Ҳинд (бандари Қарочӣ ва бандари Абас) ва Осиёи Марказӣ

Муосирнамоӣ ва рушди инфрасохтори наздисарҳадӣ ҳамчун омили калидии рушди тиҷорат

V. Имкониятҳо ва бартариятҳои рақобати соҳаи агробизнес:

Рушди шабакаи фурўши маҳсулоти озуқаи хоҷагии қишлоқ ва баланд бардоштани рақобатпазирии корхонаҳои хусусӣ

Стратегияи миллии рушди хоҷагии қишлоқ ва агробизнес

Муайян намудан ва дастгирии имкониятҳои нави сармоягузорӣ ба занҷири арзиши иловагии маҳсулоти агробизнес дар Тоҷикистон

Барномаҳои мусоидат ба рушди тиҷорат

Дастгирии сармоягузориҳо ба коркард, мусоидати техникӣ ва маркетинги маҳсулоти агробизнес

Дастрасӣ ба воситаҳои молиявӣ - қарзҳои кўтоҳмуддат ва дарозмуҳлат барои истеҳсолкунандагони агробизнес

Рушди занҷири арзиши иловагии маҳсулоти хоҷагии қишлоқ – ба роҳ мондан ва дастгирии робита бо бозорҳои байналмилалӣ

Таҳия ва ҷоринамоии хизматрасониҳои нав барои рушди хоҷагии қишлоқ – идоракунии хоҷагиҳои деҳқонӣ, мусоидати техникӣ ва тарғиби инноватсияҳо

Таҷрибаи муваффақи лоиҳаҳои сармоягузории татбиқшуда ва идомаёфтаистодаи шарикони рушд дар Тоҷикистон

Шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар стандартикунонии маҳсулоти озуқа, брендинги маҳсулот ва тарғиби имиҷ барои вусъат ёфтани сармоягузориҳо ба соҳа

Маълумоти бештар дар барнома пешниҳод карда мешаванд.