Маълумот ва омор

Маълумотнома оид ба воридоти сармояҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  соли 2015

    Тибқи маълумотҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воридоти умумии сармоягузории хориҷӣ дар соли 2015, 799,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки аз он 470,9 млн. доллари ИМА сармоягузории мустақим, 506,9 млн. доллари ИМА қарзҳои аз ҷониби корхонаву ташкилотҳо ҷалбгардида ва 40 ҳаз. доллари ИМА сармоягузории портфелӣ(ҷомадонӣ)  мебошанд.

  Диаграмма №1

 

Зимнан бояд қайд намуд, ки воридоти сармоягузории мустақим нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 93,5 млн. доллари ИМА зиёд шудаааст.

Воридоти сармояи мустақими хориҷӣ ба соҳаҳои омўзиши геологӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок - 165,8 млн. доллари ИМА, саноати сохтмонӣ - 104,8 млн. доллари ИМА, саноат - 62,8 млн. доллари ИМА, кишоварзӣ - 36,0 млн. доллари ИМА, алоқа - 29,3 млн. доллари ИМА, сохтмон - 25,0 млн. доллари ИМА, саноати хурока - 23,3 млн. доллари ИМА, маориф-13,9 млн. доллари ИМА, хизматрасонии молиявӣ-5,6 млн. доллари ИМА, савдо - 0,2 млн. доллари ИМА, наклиёт - 0,02 млн. доллари ИМА ва дигар соҳаҳо-4,2 млн. доллари ИМА равона гардидидаанд.

Ҷалби сармояи мустқими хориҷи ба соҳаҳо

  Диаграмма №2  

 

Қарзҳои мазкур ба соҳаҳои саноат - 237,9 млн. доллари ИМА, хизматрасонии молиявӣ - 233,0 млн. доллари ИМА, сохтмони роҳ - 14,5 млн. доллари ИМА, сохтмон - 9,5 млн. доллари ИМА, алоқа - 3,8 млн. доллари ИМА ва дигар соҳаҳо - 8,3 млн. доллари ИМА равона гардидидаанд.

Ҷалби сармояи хориҷӣ аз рўи дигар намуди сармоягузориҳо

   Диаграмма №3

Дар соли 2015 ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон сармояи хориҷӣ бештар аз ҷониби Ҷумҳурии Халқии Хитой – 405,9 млн. долл. ИМА – 46,5% (хизматрасонии молиявӣ, алоқа, сохтмон, омўзиши геологӣ ва истихроҷ, саноати сохтмонӣ, истиҳроҷ ва  истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ ва газӣ, кишоварзӣ), Шоҳигарии Британиёи Кабир -128,9 млн. долл. ИМА –14,8(хизматрасонии молиявӣ, саноат, омўзиши геологӣ ва истихроҷ), Федератсияи Россия- 81,1 млн. долл. ИМА – 9,3% (хизматрасонии молиявӣ, алоқа, сохтмон, истихроҷи нафти хом ва гази табиӣ), Озарбойҷон- 64,0 млн. долл. ИМА – 7,3% (хизматрасонии молиявӣ), Ҷумҳурии Туркиё - 50,9 млн. долл. ИМА – 5,8%( саноат, саноати хурока), Филипин – 42,0 млн. долл. ИМА – 4,8% (монтажи таҷҳизоти технологӣ, хизматрасонии молиявӣ), Фаронса – 40,2 млн. долл. ИМА – 4,6%(хизматрасонии молиявӣ, савдо, истихроҷ нафти хом ва гази табиӣ), Ҷумҳурии Қазоқистон- 32,6 млн. долл. ИМА – 3,7%        (хизматрасонии молиявӣ, саноати хурока), Люксембург – 15,1 млн. долл. ИМА – 1,7% (хизматрасонии молиявӣ), Нидерланд - 12,6 млн. долл. ИМА – 1,4% (хизматрасонии молиявӣ) ва аз ҷониби дигар давлатҳо бошад –104,5 млн. долл. ИМА – 10,7% ворид гардидааст.

Дар соли 2015 воридоти сармояи хориҷӣ бештар ба шаҳри Душанбе –  58,8 % (574,9 млн. долл. ИМА),  Вилояти Суғд – 15,1 % (147,9 млн. долл. ИМА), Вилояти Хатлон –20,8% (203,5 млн. долл. ИМА), Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон – 1,5% (14,3 млн. долл. ИМА) ва ба  ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ бошад – 3,8% (37,3 млн. долл. ИМА) равона гардидааст.

Ҷалби сармояи хориҷӣ ба минтақаҳо

  Диаграмма №4

Раёсати пешбурди фаъолияти сармоягузорӣ

Тибқи маълумотҳои омории Агентии омори назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Таҳлили аналитикӣ оид ба ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар солҳои 2007 - 2015

      Тибқи маълумотҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воридоти умумии сармоягузории хориҷӣ дар солҳои 2007-2015,  6 млрд. 663,0 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки аз онҳо 2 млрд. 876,5 млн. долл. ИМА сармоягузориҳои мустақим, 3 млрд. 784,7 млн. долл. ИМА-ро қарзҳои аз ҷониби корхонаву ташкилотҳо ҷалбгардида ва 1,8  млн. долл. ИМА-ро сармоягузории портфелӣ мебошанд.

Аз он ҷумла: 

Эзоҳ: Зимни мафҳуми  «Дигар намуди сармоягузориҳо» қарзҳои имтиёзнок ва дигар воситаҳои молиявӣ  дар назар дошта мешавад

Воридоти сармоягузории хориҷӣ тибқи диаграмма:  

Диаграмма №1                       

    Воридоти сармояи мустақими хориҷӣ дар солҳои 2007 - 2015 асосан ба соҳаҳои  энергетика - 596,8 млн. долл. ИМА, алоқа- 378,3 млн. долл. ИМА, сохтмон – 338,0 млн. долл. ИМА, хизматрасонии молиявӣ – 320,8 млн. долл. ИМА, омўзиши геологӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок – 700,3 млн. долл. ИМА, саноат – 200,3  млн. долл. ИМА, савдо – 36,1 млн. долл. ИМА, саноати хурока – 34,2 млн. долл. ИМА, сохтмони роҳҳо – 11,3 млн. долл. ИМА, тандурустӣ - 5 млн. долл. ИМА, кишоварзӣ – 47,7 млн. долл. ИМА, туризм – 0,2 млн. долл. ИМА, нақлиёти ҳавоӣ – 0,3 млн. долл. ИМА, маориф -14,6 млн. долл. ИМА, наклиёт - 2,5 млн. долл. ИМА, саноати сохтмонӣ – 112,8 млн. долл. ИМА ва  дигар соҳаҳо – 77,4 млн. долл. ИМА равона шудааст.

Воридоти сармоягузории мустақими хориҷӣ дар солҳои 2007-2015

Диаграмма №2

 

 

Қарзҳои мазкур асосан ба соҳаҳои хизматрасонии молиявӣ-2 млрд 154,2 млн. доллари ИМА, сохтмони роҳҳо -290,4 млн. доллари ИМА, омўзиши геологӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок – 64,9 млн. долл. ИМА, сохтмон – 87,2 млн. доллари ИМА, сохтмони мактабҳои миёна -11,5 млн. доллари ИМА, тандурустӣ- 5,9 млн. доллари ИМА, алоқа- 116,6 млн. доллари ИМА, обтаъминкунӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ -79,1 млн. доллари ИМА, энергетика- 66,5 млн. доллари ИМА, кишоварзӣ – 53,1 млн. доллари ИМА, маъориф – 12,9 млн. доллари ИМА, дар самти идоракунии давлатӣ- 7 млн. доллари ИМА, саноат- 244,4 млн. доллари ИМА, савдо- 6,9 млн. доллари ИМА,  нақлиёти ҳавоӣ – 65,4 млн. доллари ИМА, дигар соҳаҳо (таҷҳизоти технологӣ) - 518,8 млн. доллари ИМА равона гаштаанд.

Воридоти дигар намуди сармоягузории хориҷӣ дар солҳои 2007-2015

Диаграмма №3                          

Дар соли 2007-2015 ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 55 давлати ҷаҳон сармояи хориҷӣ ворид намудаанд, ки бештар онҳо аз ҷониби Ҷумҳурии Халқии Хитой – 1 млд. 449,4 долл. ИМА -21,8% (алоқа, сохтмон хизматрасонии молиявӣ, омўзиши геологӣ ва истихроҷ, монтажи таҷҳизоти технологӣ, саноат, сохтмон ва дигар намуди хизматрасониҳо), Федератсияи Россия - 1 млд. 400,7 млн. долл. ИМА- 21% (сохтмон, алоқа, омўзиши геологӣ, хизматрасонии молиявӣ, тандурустӣ, саноат сохтмон, савдо  энергетика, туризм ва дигар намуди хизматрасонӣ), Қазоқистон- 555,3 млн. долл. ИМА - 8,3% (хизматрасонии молиявӣ, омўзиши геологӣ ва истихроҷ, саноат, савдо), Британия Кабир – 453,4 млн. долл. ИМА - 6,8% (омўзиши геологӣ-истихроҷ, сохтмон,  хизматрасонии молиявӣ, истихроҷи ангишт, саноат ва савдо), Иёлоти Мутаҳидаи Амрико – 438,0 млн. долл. ИМА - 6,6% (алоқа, хизматрасонии молиявӣ, маориф, кишоварзӣ, тандурустӣ, обтаъминкунӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ сохтмон, омўзиши геологӣ ва истихроҷ, саноат), Филипин – 333,5 млн. долл. ИМА - 5% (кишоварзӣ, сохтмони роҳ, хизматрасонӣ, монтажи таҷҳизоти технологӣ, хизматрасонии молиявӣ, идоракунии давлатӣ, тандурустӣ,маориф), Эрон – 271,4 млн. долл. ИМА - 4,1% (саноат, сохтмон, хизматрасонии молиявӣ, савдо), Озарбойҷон- 241,9 млн. долл. ИМА – 3,6%(хизматрасонии молиявӣ), Люксембург – 190,6 млн. долл. ИМА - 2,9% (хизматрасонии молиявӣ), Кипр- 187,7 млн. долл. ИМА-2,8% (сохтмон, туризм, савдо), Германия – 166,7 млн. долл. ИМА-2,5%(хизматрасонии молиявӣ, монтажи таҷҳизоти технологӣ), Аморати Мутаҳидаи Араб- 159,3 млн. долл. ИМА -2,4% (хизматрасонии молиявӣ, омўзиши геологӣ ва истихроҷ, саноат, савдо) ва дигар давлатҳо -813,3 млн. долл. ИМА-12,2% мебошад.

Воридоти сармояи хориҷӣ аз ҷониби давлатҳое, ки бештар дар солҳои 2007-2015 ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудаанд.

Диаграмма №4

 

    Дар соли 2007-2015 воридоти сармояи мустақими хориҷӣ бештар ба шаҳри Душанбе – 76,9 % ( 5 млрд 123,3 млн. долл. ИМА), Вилояти Суғд –14,2 % (948,2 млн. долл. ИМА), Вилояти Хатлон – 6,4% (429,0 млн. долл. ИМА), Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон – 0,8% (55,4  млн. долл. ИМА) ва ба  ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ бошад –1,6% (105,4 млн. долл. ИМА) равона гардидааст.

Воридоти сармоягузории хориҷӣ ба минтакаҳои ҷумҳурӣ дар солҳои 2007-2015

Диаграмма №5  

 

Раёсати пешбурди фаъолияти сармоягузорӣ

 Тибқи маълумотҳои омории  Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон