МАРҲАБО БА СОМОНАИ МО!

Мехостам сароғоз нисбати таваҷҷуҳи Шумо ба сомонаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хоҳиши шиносоии наздик бо имкониятҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон арзи сипос намоям.

Фазои устувори сиёсӣ ва рушди сармоягузорӣ дар мамлакат, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулгардида ҷиҳати ҳалли бисёр вазифаҳои афзалиятнок оид ба рушд ва таҷдиди иқтисодиёт, ҷалби ҳарчи бештари сармоягузорӣ ба иқтисодиёти мамлакат ва рушди бахши хусусӣ мусоидат менамоянд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи татбиқи сиёсати фаъол баҳри беҳдошти сатҳи зисти аҳолӣ ва таъмини рушди босуботи иқтисодиёт тавассути ҳамгироӣ ба фазои иқтисодии ҷаҳонӣ чораҳои зарурӣ ва таъсирбахш меандешад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунузви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ дар самти татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва ҳамгироии бештар ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ талош меварзад. Натиҷаи ин талошҳо буд, ки таи солҳои охир ислоҳотҳои иқтисодӣ амалӣ гардида, дастовардҳо ба монанди беҳтаргардонии фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ба бор омаданд. Ҳамзамон, ҷараёни ислоҳоти институтсионалӣ бо маром идома дошта, инфрасохтори воқеии иқтисодиёти бозоргонӣ ташаккул меёбад. Инчунин, дар ин раванд татбиқи ислоҳоти мақомотҳои идоракунии давлатӣ мавриди амал қарор гирифтааст.

Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои дастгирии соҳаҳои бонкӣ ва истеҳсолӣ, суръатбахшӣ ба ҷараёни ислоҳоти сиёсати танзимкунонӣ, ки барои соддагардонӣ ва камхарҷгардонии тартиби амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ равона шудааст, кӯшишҳои зиёде ба харҷ дода мешавад. Қонунгузории мамлакат баробарии ҳуқуқии сармоягузорони ватанию хориҷиро таъмин менамояд. Дар ин маврид танзими қонунгузорӣ вобаста ба савдои берунӣ, сармоягузорӣ, коҳиш додани боҷи гумрук имкон дод. ки Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли 2013 узви комилҳуқуқи Ташкилоти ҷаҳонии савдо гардад.

Эътироф гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун яке аз даҳ кишвари ислоҳотгар аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ «Пешбурди Тиҷорат» (Doing Business) нишонаи муҳими он аст, ки мамлакати мо новобаста аз ҳамаи мушкилотҳо дар роҳи пешгирифтаи худ баҳри рушди босубот тавассути гузаронидани ислоҳотҳо, ташкили инфрасохтори боэътимод ва пурзӯр намудани амнияти энергетикии худ пойдор аст.

Бояд қайд намуд, ки ин ҳама пешрафтҳо бо назардошти дастгирӣ ва иродаи сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фаъолияти густурдаи сохторҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва иштироки фаъоли ташкилотҳои байналмилалӣ ва бахши хусусӣ ба даст омадааст.

Шумо метавонед ҳамаи маълумоти лозимаро оид ба қонунгузории мавҷудаи Тоҷикистон дар самти сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкорӣ, идоракунӣ ва хусусигардонии амволи давлатӣ, инчунин имтиёзҳо ва сабукиҳо барои сармоягузорон ва соҳибкорон, тартиби иштирок дар ҷараёни хусусигардонии амволи давлатӣ ва дигар маводҳои зарурӣ вобаста ба фаъолияти тиҷоратӣ аз сомонаи мазкур дастрас намоед.

Мо мутмаинем, ки он маводу маълумотҳое, ки Шумо аз сомонаи мо ба даст меоред барои онҳое, ки ҷиҳати ташкил ва рушд додани фаъолияти соҳибкории худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманданд, аз манфиат холӣ нест.

Аз фурсат истифода бурда, ман Шуморо ба сармоягузории фаъол ва азхудкунии бозорҳои нав даъват намуда, бо изҳори боварӣ баён менамоям, ки Шумо дар симои Ҷумҳурии Тоҷикистон шарики боэътимоди дарозмуҳлатро дарёфт хоҳед намуд.

Қодири Қосим,
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ
ва идораи амволи давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон