Қарор Дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 

ҚАРОР 

Дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

 

Мутобиқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.

2. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба шарикии давлат ва бахши хусусиро таъмин намояд.

 

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 3 июни соли 2013, № 250

ш. Душанбе