Таваҷҷӯҳ!

                                                                           

 

Таваҷҷӯҳ!  

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ  

Ҷалби бештари сармоягузориҳо ва рушди соҳибкорӣ тавассути беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва мутобиқ намудани онҳо ба меъёрҳои байналмилалӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодиву иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии мамлакат иброз доштанд, “бо мақсади беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ҷалби сармоя ва дастгирии бахши хусусӣ, инчунин пурзӯр намудани кафолату уҳдадориҳои сармоягузорон моро зарур аст, ки бо дарназардошти риояи стандартҳои байналмилалӣ оид ба такмили низоми қонунгузорӣ ва механизмҳои байналмилалии кафолати сармоя ва созишномаҳои сармоягузорӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ кунем”.

Вобаста ба ин, ба диққати соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ расонида мешавад, ки рӯзҳои 14-15 октябри соли ҷорӣ мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ баргузор гардида, дар доираи он гузаронидани чорабиниҳои зерин пешбинӣ мегардад:

Рӯзи якум: Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ, мубодилаи афкор ва қадрдонии соҳибкорони арзанда.  

Рӯзи дуюм: Доир намудани Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе-2014 таҳти шиори «Соҳибкорӣ –муҳаррики иқтисодиёт» бо иштироки намояндагони воломақоми созмонҳои байналмилалии молиявӣ. Дар форуми мазкур мавзӯъҳои иқтисодӣ, аз қабили сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, саноат, кишоварзӣ, инфрасохтор, молия ва бонкдорӣ дар Тоҷикистон дар бахшҳои алоҳида мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.  

Аз ин рӯ, аз соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ хоҳиш карда мешавад, ки пешниҳодҳои худро тавассути нишонии зерин ирсол намоянд.  

 

Суроға барои тамос:

 

Телефонҳо: Сомонаҳои интернетӣ: Суроғаи электронӣ:
(992-37) 221 -15-07;

(992 44) 610-60-09;

(992 44) 610-60-04.

www.gki.tj  

www.investmentcouncil.tj 

secretariat@investmentcouncil.tj 

sohibkor@gki.tj