Суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дармулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорон

14.10.2014 12:04, шаҳри Душанбе

Муҳтарам соҳибкорон ва сармоягузорон!

Меҳмонони арҷманд!

Ҳамватанони азиз!

Мулоқоти мову шумо дар соли таҷлили 23-юмин солгарди истиқлолияти давлатии Ватани азизамон ва 20-умин солгарди қабули Конститутсияи кишвар баргузор мегардад.

Ҳамчунин имсол дар Тоҷикистон Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, Бизнес-форуми соҳибкорони мамлакатҳои узви ин созмон, мулоқоту вохӯриҳо бо роҳбарони сатҳи олии давлатҳои аъзои созмон баргузор гардиданд, ки ҳама, дар маҷмӯъ, ба рушд ва тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорон мусоидат хоҳанд кард.

Шумо, соҳибкорону сармоягузорон қувваи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти кишвар ва нерӯи созандаву ободкори Ватанамон мебошед ва ҳадафи асосии баргузор намудани вохӯрии имрӯза мубодилаи афкор ба хотири идома бахшидани ислоҳот ва густариши он ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ мебошад.

Маҳз ташаббускорӣ ва фаъолияти пурмасъули шумо моро водор сохт, ки барои Форуми иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, ки фардо баргузор мегардад, шиори “Соҳибкорӣ муҳаррики иқтисодиёт”-ро интихоб намоем.

Соҳибкорони муҳтарам!

Тавре медонед, мулоқоти қаблии мо 15-уми январи соли 2010 доир гардида буд, ки дар он самтҳои густариши ҳамкориҳои давлат ва бахши хусусӣ, инчунин тавассути амалисозии ислоҳот роҳҳои беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ муайян шуда буданд.

Дар ин муддат Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мавҷуда як қатор чораҳои мушаххас андешид ва тадриҷан амалӣ гардидани ҳадафҳои гузошташударо минбаъд низ пайгирӣ менамояд.

Дар доираи омодагӣ ба чорабинии имрӯза тибқи супориши Президенти кишвар роҳбарияти вазорату идораҳои бахши иқтисодӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо соҳибкорону сармоягузорон вохӯриҳо баргузор намуданд.

Масъалаҳое, ки аз ҷониби соҳибкорон баён гардиданд, аз ҷумла оид ба низоми андозбандӣ, санҷиши фаъолияти соҳибкорӣ, дастрасӣ ба инфрасохтор, ҷудо намудани қитъаҳои замин барои таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, мушкилиҳои бақайдгириву барҳамдиҳии соҳибкорӣ, дастрасӣ ба қарз, лизинг, ипотека ва дигар мушкилоту масоили вобаста ба рушди соҳибкорӣ аз ҷониби масъулини вазорату идораҳо мавриди баррасӣ ва чораҷӯӣ қарор дода мешаванд.

Воқеан, рушди бахши хусусӣ, махсусан беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати мамлакат мебошад ва бо ин мақсад тадбирҳои зиёде андешида мешаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардида, Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид ё худ Конвенсияи Ню-Йорк оид ба эътироф ва иҷрои қарорҳои арбитражии хориҷиро ба тасвиб расонид.

Дар идомаи ислоҳоти пешбинишуда қонунҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва якчанд стратегияву барномаҳои соҳавӣ қабул гардида, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ такмил дода шуданд.

Бо мақсади ташкили майдони муколамаи озод байни давлат ва бахши хусусӣ ва тавассути он гузаронидани ислоҳоти зарурӣ барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар сатҳи олӣ таъсис дода шудааст, ки ба ҳайати он намояндагони мақомоти давлатӣ, бахши хусусии ватаниву хориҷӣ ва шарикони рушд шомил мебошанд.

Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ барои солҳои 2012 - 2020 дар соҳаи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ яке аз санадҳои муҳим буда, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ба роҳ мондани фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар татбиқ карда мешавад.

Дар солҳои 2012 - 2014 марҳалаи аввали татбиқи барномаи мазкур ба анҷом расид.

Дар ин давра мо тавонистем маҷмӯи қонунгузории кишварро дар соҳаи соҳибкорӣ такмил дода, навсозии истеҳсолот ва равандҳои технологӣ, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ва тақвияти ҳамкориҳои давлатро бо бахши хусусӣ таъмин намоем.

Соли 2015 марҳалаи дуюми татбиқи барнома оғоз мегардад, ки дар натиҷаи он бояд як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав қабул карда шаванд.

Аз ин лиҳоз, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода мешавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор бо дарназардошти пешниҳодоти дар мулоқоти имрӯза баёнгардида лоиҳаи нақшаи чорабиниҳоро доир ба татбиқи марҳалаи дуюми барномаи зикршуда такмил дода, ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Бо мақсади соддагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ ташкили фаъолияти соҳибкорӣ тибқи низоми “Равзанаи ягона” ба роҳ монда шуд, ки дар натиҷа муҳлати бақайдгирӣ аз 49 рӯз то 5 рӯз кам карда шуд.

Ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ ва кам кардани шумораи иҷозатҳо ба рушди соҳибкорӣ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт такони ҷиддӣ бахшида, дар кишвар Феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ҷорӣ карда шуд.

Мувофиқи мақсад аст, ки мақомоти иҷозатдиҳанда низ доир ба масъалаи ба тарзи электронӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ чораҳои зарурӣ андешанд, ки ин иқдом, бешубҳа, ба рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва коҳиш ёфтани омилҳои коррупсионӣ мусоидат хоҳад кард.

Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки пайвастагии раванди ислоҳот дар ин самт идома ёфта, бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ низоми иҷозатномадиҳӣ дар кишвар такмил дода шавад.

Бо мақсади дастгирии воқеии соҳибкорон тавассути муҳайё гардонидани захираҳои молиявии имтиёзнок соли гузашта Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкорӣ” таъсис дода, ба он аз ҳисоби буҷети давлатӣ 63 миллион сомонӣ маблағ равона карда шуд.

Пешбинӣ шудааст, ки ба сармояи фонд соли 2015 то 130 миллион сомонӣ ва дар 7 соли оянда то як миллиард сомонӣ равона карда мешавад.

То имрӯз аз ҷониби фонд ба 56 субъекти соҳибкорӣ ба маблағи 48 миллион сомонӣ қарзҳо пешниҳод карда шуданд, ки ин ҳанӯз кам аст.

Умуман, дар 5 соли охир аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба соҳибкорони хурду миёна беш аз 720 миллион сомонӣ маблағҳои грантиву қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда шудаанд.

Илова бар ин, дар давоми солҳои 2010-2014 бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии мамлакат ба иқтисодиёт 34 миллиард сомонӣ қарз додаанд, ки аз ин 27 миллиард сомонӣ ё 78 фоизи он ба бахши хусусӣ рост меояд.

Таъкид месозам, ки бо вуҷуди корҳои то имрӯз доир ба беҳтар гардонидани низоми андозбандӣ суратгирифта мо ислоҳотро дар ин самт идома медиҳем. Мувофиқи Кодекси нави андоз шумораи ҳисоботи андозӣ то 86 фоиз ва шумораи умумии пардохтҳои андозӣ то 43 фоиз кам карда шуд.

Бо дарназардошти дастгирии минбаъдаи соҳибкории истеҳсолӣ дар доираи иҷрои супоришҳои Президенти кишвар, ки дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ баён гардидаанд, масъалаи иваз кардани андоз аз фурӯши нахи пахта ба боҷи содиротӣ ҳоло таҳти баррасӣ ва чораҷӯии сохтору мақомоти дахлдор қарор дорад.

Хотирнишон месозам, ки чунин имтиёзҳо бояд ба корхонаҳое пешниҳод карда шаванд, ки тавассути коркарди пурраи нахи пахта ба баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат, афзоиш ёфтани арзиши иловашуда ва муҳимтар аз ҳама, ба ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунанд.

Инчунин бо дарназардошти талаботи Кодекси андоз ва ҷиҳати дар сатҳи замонавӣ ва тибқи таҷрибаи дигар давлатҳо ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба андозсупорандагон аз тарафи мақомоти андоз «Стандарти ягонаи давлатии хизматрасонӣ ба андозсупорандагон» дар таҳрири нав ба роҳ монда шудааст.

Ҳоло дар натиҷаи такмили низоми маъмурикунонии андоз субъектҳои соҳибкорӣ метавонанд эъломияҳои худро ба тарзи электронӣ пешниҳод намоянд, ки ин боиси сарфаи вақт ва хароҷоти онҳо мегардад.

Айни замон қариб 8000 андозсупорандагон эъломияҳои худро бо истифода аз ин тартиб пешниҳод карда истодаанд.

Соддагардонии расмиёти гумрукӣ ҳангоми содирот, воридот ва транзити молу воситаҳои нақлиёт қисми муҳимми ислоҳоти иқтисодӣ мебошад.

Ҷиҳати соддагардонии расмиёти гумрукӣ ва ҷалби сармоя ва бо мақсади ба принсип ва меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани расмиёти гумрукӣ Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил дода шуд.

Ҷорӣ намудани низоми “Истгоҳи ягона” ва “Равзанаи ягона” ҷиҳати барасмиятдарории амалиёти содиротиву воридотӣ ва транзитӣ барои назорати воситаҳои нақлиёт ва молҳо дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо истифодаи технологияҳои муосир, инчунин ташхиси низоми электронии пур кардани эъломияҳои гумрукӣ кори соҳибкоронро осон намуда, ба рафъи омилҳои коррупсионӣ ҳангоми барасмиятдарории гумрукии молу воситаҳои нақлиёт мусоидат мекунад.

Дӯстони азиз!

Бо вуҷуди идома доштани тамоюлҳои манфии солҳои охир дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва таъсири онҳо ба иқтисодиёти кишвар нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ беҳтар гардида, рушди устувори иқтисодӣ таъмин карда шуд.

Соли 2013 афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи 7,4 фоиз нигоҳ дошта шуда, даромади пулии аҳолӣ 16,5 фоиз ва маоши моҳонаи як корманд 20 фоиз афзуд.

Пасандозҳои бонкии шахсони воқеӣ дар панҷ соли охир беш аз 3,2 баробар зиёд гардида, соли 2013 ба 4 миллиард сомонӣ баробар шуданд.

Ин ҳам яке аз манбаъҳои муҳимми маблағгузорӣ барои рушди бештари соҳаву бахшҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ мебошад.

Муваффақ гардидан ба суботи макроиқтисодӣ имконият фароҳам овард, ки сатҳи камбизоатӣ дар давоми солҳои 2010-2013 аз 45 фоиз то 35 фоиз коҳиш ёбад.

Пешбинӣ шудааст, ки соли 2015 ин нишондиҳанда то 30 фоиз кам карда мешавад.

Миқдори умумии ҷойҳои нави кории муҳайёшуда ва барқароргардида дар панҷ соли охир зиёда аз 870 ҳазор, аз ҷумла танҳо соли 2013 беш аз 185 ҳазорро ташкил кард, ки ин ба беҳтар гардидани вазъи бозори меҳнат ва сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуд.

Соли ҷорӣ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ боз 250 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд.

Аз ҷумла бо ин мақсад дар соҳаи саноат сохта, ба истифода додани 150 корхонаи нави истеҳсолӣ пешбинӣ шудааст.

Дар давоми солҳои 2010-2014 ба иқтисодиёти мамлакат ба маблағи беш аз 15 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб карда шудааст, ки зиёда аз шашуним миллиард сомонии онро сармояи мустақим ташкил медиҳад.

Сармояи ҷалбгардида асосан ба соҳаҳои энергетика, алоқа, сохтмон, хизматрасонии молиявӣ, омӯзиши геологӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок, нақлиёт, хизматрасонӣ, кишоварзӣ ва соҳаҳои муҳимми иҷтимоӣ равона гардидааст.

Ҳозирини арҷманд!

Бахши хусусӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум саҳми намоён мегузорад.

Шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар кишвар аз 146 ҳазори соли 2010 то ба 232 ҳазор дар соли 2014 расонида шуд, ки афзоиши он қариб 60 фоизро ташкил медиҳад.

Саҳми бахши хусусӣ дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мунтазам афзуда, дар соли 2013-ум 64 фоизро ташкил додааст.

Соли гузашта ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат 40,5 миллиард сомониро ташкил кард, ки 26 миллиард сомонии он ба бахши хусусӣ рост меояд.

Ҳиссаи бахши хусусӣ дар сармояи оинномавии пардохтшудаи бонкҳо соли 2013-ум 97 фоизро ташкил дод, ки 34 фоизи он ба бахши хусусии хориҷӣ тааллуқ дорад.

Дар ҳаҷми умумии пасандозҳо ҳиссаи бахши хусусӣ 88 фоизро ташкил медиҳад.

Соли гузашта дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 85 фоизи андозҳои ғайримустақим (дар ҳаҷми 4,4 миллиард сомонӣ) аз ҷониби бахши хусусӣ пардохт шудааст, ки аз он андоз аз арзиши иловашуда 3,5 миллиард сомонӣ, аксизҳо 276 миллион, андоз аз фурӯш 106 миллион ва боҷҳои гумрукӣ 445 миллион сомониро ташкил медиҳанд.

Тӯли ҳафт соли охир дар мамлакат зиёда аз 1600 коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ, аз ҷумла корхонаҳои саноати коркарди маъдан ва дигар намудҳои ашёи хоми саноатӣ, нахи пахта, истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва коркарди меваю сабзавот бунёд карда шудаанд ва зарур аст, ки ба ин раванд суръат бахшида шавад.

Танҳо соли гузашта аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ 332 коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуда, беш аз 120 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис гардидаанд.

Аз ин лиҳоз, ба шумо, соҳибкорон ва сармоягузорони бонангу номус, инчунин ба ҳамаи ҳамватанони бурунмарзиамон барои саҳми назаррас дар рушди иқтисодии давлати соҳибистиқлоламон, анҷом додани корҳои созандагӣ, ободу зебо гардонидани Ватани азизамон ва умуман барои ҳисси баланди масъулият ва ватандӯстиатон изҳори миннатдорӣ менамоям.

Мо азму ниятҳои неки шуморо барои ҳамкории муштарак ва муколама бо давлат ба хотири рушди Ватани азизамон, ҳамчунин саҳми пурарзиши шуморо дар пешрафти иқтисодиёти мамлакатамон эҳтиром ва қадрдонӣ мекунем ва итминон дорем, ки чунин азму талоши ватандӯстонаи шумо минбаъд самараи бештар хоҳад овард.

Мо аз ҳар иқдоми эҳсонкорӣ ва ташаббуси ватандӯстонаву хайрхоҳонаи шумо, соҳибкорони ҳимматбаланд, хусусан дар бунёди мактабу синфхонаҳои иловагии нав, таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ, бунёд ва таъмири роҳу пулҳо, инчунин расонидани кумак ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва ташкили хатнасуру тӯйҳои хонадоршавии дастҷамъона сипосгузорем.

Ман ба ҳар яки шумо барои чунин эҳсонкориву ҳимматбаландиатон аз номи худ ва Ҳукумати мамлакат бори дигар самимона миннатдорӣ баён мекунам.

Муҳтарам соҳибкорон ва сармоягузорон!

Бо вуҷуди дастовардҳои назаррас дар раванди ислоҳот оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ мушкилот ҳоло ҳам ба назар мерасанд ва идомаи ислоҳот дар ин самт муҳим арзёбӣ мегардад.

Аз ҷумла мувофиқи қонунгузории амалкунанда вобаста ба “Равзанаи ягона” барои бақайдгирии давлатӣ аризадиҳанда ба Кумитаи андоз муроҷиат намуда, баъди анҷом додани расмиёти дахлдор шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ мегирад, вале Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа то ҳол ба ин тартиб ворид нашудааст, ки ин боиси риоя нашудани низоми баҳисобгирӣ ва муҳлати бақайдгирӣ мегардад.

Бинобар ин, ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо Кумитаи андоз ва Агентии омор бо тартиби муқарраргардида ба низоми “Равзанаи ягона” барои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ворид гардад.

Ҳамчунин Кумитаи андозро зарур аст, ки татбиқи пурраи низоми “Равзанаи ягона”-ро барои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ тибқи талаботи қонунгузорӣ ба роҳ монда, ба Шӯрои машваратии назди Президенти Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ахборот пешниҳод намояд.

Ҷараёни қатъ намудани фаъолияти соҳибкорӣ, хусусан агар соҳибкор дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият намояд ё қарзҳои пардохтнашуда надошта бошад, мувофиқи қонунгузорӣ хеле содда мебошад.

Аммо дар амал ин расмиёт бо сабабҳои сари вақт баррасӣ нагардидани аризаҳо аз тарафи мақомоти масъул ба як расмиёти мураккаб мубаддал гаштааст.

Аз ин лиҳоз, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андоз ва дигар мақомоти дахлдор супориш дода мешавад, ки ҳолати бамиёномадаро ҳаматарафа омӯхта, ҷиҳати такмили қонунгузорӣ дар самти бақайдгирӣ ва барҳамдиҳии фаъолияти соҳибкорӣ пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд.

Ҳамчунин то ҳол дар амалияи маъмурикунонии андоз риоя нагардидани муқаррароти Кодекси андоз ба чашм мерасад.

Мақомоти андоз тавассути таҳия ва қабули санадҳои дохилиидоравӣ расмиёти андозбандии соҳибкоронро мураккаб гардонидаанд.

Талаботи мақомоти андоз оид ба қабули ҳисоботи андоз, доир ба пешпардохти маблағҳои андозӣ ва душвориҳои баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки дар фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мушкилот меоранд.

Аз ин хотир, Вазорати молияро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор бо дарназардошти дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ, барои боз ҳам содда ва беҳтар намудани татбиқи Кодекси андоз ва бартараф кардани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ андешида, аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ба Ҳукумат гузориш пешниҳод намоянд.

Ҳамзамон бо ин, мақомоти андоз бояд барои зиёд намудани манбаъҳои андозбандӣ тадбирҳои мушаххас андешида, соҳибкорони бе қайди давлатӣ фаъолияткунандаро ба андозбандӣ фаро гиранд.

Низоми андозбандӣ бояд тарзе ба роҳ монда шавад, ки дар баробари ҷамъоварии андоз он ба рушди минбаъдаи иқтисодиёт мусоидат намояд.

Соҳаи маориф яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ ба шумор меравад ва рушди ояндаи кишвар аз пешравии он вобаста мебошад.

Моро зарур аст, ки ба рушди соҳибкорӣ дар ин соҳаи ниҳоят муҳим тавассути ташкили мактабҳо, литсею гимназияҳо, боғчаҳои хусусӣ ва дигар муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ эътибори ҷиддӣ диҳем.

Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки бо мақсади ҳавасманд намудани бахши хусусӣ ба рушди соҳаи маориф ва тақвият додани сармояи зеҳнӣ дар бобати муқаррар намудани меъёри пасткардашудаи андоз аз арзиши иловашуда барои муассисаҳои таълимӣ чораҷӯӣ карда шавад.

Ҳозирини гиромӣ!

Самаранокии баргузории санҷиши субъектҳои соҳибкорӣ яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ба ҳисоб меравад.

Кормандони мақомоти андоз дар натиҷаи гузаронидани санҷиши фаъолияти соҳибкорон камбудиҳои зиёдро вобаста ба пурра напардохтани андозҳо муайян менамоянд.

Масалан, дар ҳашт моҳи соли 2014 дар фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ба маблағи зиёда аз 350 миллион сомонӣ кам ҳисоб кардан ва пинҳонкунии андозҳо ошкор карда шудааст.

Нисбат ба чунин соҳибкорон чораҳои маъмурӣ андешида, зарари буҷети давлатӣ то ҳадди имкон барқарор карда шудааст.

Бо вуҷуди шароити мусоиди соҳибкорӣ, ки солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон фароҳам оварда шудааст, мутаассифона, ҳоло ҳам соҳибкороне ҳастанд, ки аз қайди давлатӣ нагузашта, ба фаъолият машғул мешаванд ё дар қайд бошанд ҳам, аз иҷрои уҳдадориҳои худ дар самти пардохти андоз саркашӣ карда, инчунин эъломияи худро дар муҳлатҳои муқарраршуда пешниҳод намекунанд.

Аз ҷумла танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ зиёда аз 3800 ҳолати бидуни қайд дар мақомоти андоз ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шудани шахсони воқеӣ ошкор гардидааст.

Ҳамзамон бо ин, корҳои назоратӣ аз он гувоҳӣ дода истодаанд, ки соҳибкорони алоҳида бо роҳи ташкил кардани ширкатҳои қалбакӣ ва истифода аз дигар усулҳо аз андозбандӣ саркашӣ менамоянд.

Соли ҷорӣ 37 ҳолат ошкор карда шудааст, ки шахсони алоҳида бо истифода аз чунин ширкатҳо ба маблағи зиёда аз 1,5 миллиард сомонӣ молу маҳсулот ворид намудаанд ва дар ҳисоботи муҳосибии худ ин амалиётро нишон надода, беш аз 52 миллион сомонӣ маблағи андозро пинҳон кардаанд.

Мавҷудияти чунин ҳолатҳо аз субъектҳои соҳибкорӣ тақозо мекунад, ки қонунгузории амалкунандаро риоя намоянд.

Аз тарафи дигар, мақсади гузаронидани санҷишҳо ва вазифаи мақомоти андоз на танҳо ошкор намудани камбудиҳои соҳибкорон, балки пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкуниҳо мебошад.

Аз ин рӯ, Вазорати молия ва Кумитаи андоз вазифадоранд, ки сабабҳои аслии аз ҷониби соҳибкорон пинҳон кардани маблағҳои андозро омӯхта, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мавҷуда ба Ҳукумат хулосаҳои мушаххас пешниҳод созанд.

Инчунин зарур мешуморам, ки вобаста ба шароити баамаломада мақомоти андоз муқаррароти оид ба истифодаи ҷаримаҳои андозиро таҷдиди назар намоянд.

Бо мақсади дастгирии аҳолии камбизоат ва ташкили ҷойҳои нави корӣ ба мақсад мувофиқ мешуморам, ки тартиби андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки бо патент фаъолият менамоянд, боз ҳам такмил дода шавад.

Дар асоси омӯзишҳо меъёри маблағи патент барои соҳибкорони инфиродие, ки бо намудҳои камдаромади фаъолият машғул мебошанд, аз номгӯи фаъолияти соҳибкорӣ бо патент хориҷ карда шаванд.

Агар тамоми расмиёти маъмурикунонии андоз содда гардонида, як низоми мураттаб ва барои соҳибкорон осон ташаккул дода шавад, итминон дорам, ки ҳамаи соҳибкорон бо риояи талаботи қонунгузорӣ фаъолият намуданро афзалтар медонанд.

Зеро низоми маъмурикунонии андоз барои соҳибкорон чӣ қадаре, ки мусоид бошад, сафи андозсупорандагон аз ҳисоби соҳибкорон ҳамон қадар зиёд шуда, буҷети давлат ғанӣ мегардад ва ҷамъият ба пешравиҳои назаррас ноил мешавад.

Дар ин росто, зарур аст, ки давлат ва бахши хусусӣ ҷиҳати таъмин намудани самаранокии низоми андозбандӣ масъулияти баробар дарк карда, ҳарду ҷониб вазифаву уҳдадориҳои худро тибқи қонунгузории амалкунанда иҷро намоянд.

Танзими хизматрасониҳои давлатӣ масъалаи дигари беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ мебошад.

Айни ҳол дар мамлакат 156 корхонаи воҳиди давлатӣ фаъолият дорад, ки як қисми онҳо вазифаи батанзимдарориро низ иҷро мекунанд.

Ин ҳолат дар фаъолияти ширкатҳои соҳибкории хусусӣ монеаҳои гуногун ба вуҷуд оварда, самаранокии рақобати озодро коҳиш медиҳад.

Масалан, дар кишвар 16 ширкати суғуртавӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонад, ки аз онҳо 2 ширкат давлатӣ ва 14 ширкат хусусӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки 97 фоизи шартномаҳои суғуртавии басташуда ва 51 фоизи маблағҳои ҷалбшудаи ҳаққи суғуртавӣ ба ду ширкати давлатии суғуртавӣ рост меояд, ки ин ҳолат аз сатҳи баланди марказонидашудаи бозори суғурта ва рақобати номукаммал шаҳодат медиҳад.

Аз ин рӯ, ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия ва дигар мақомоти марбута супориш дода мешавад, ки масъалаи амалӣ намудани хизматрасониҳои суғуртаи ҳатмиро аз ҷониби ширкатҳои хусусии суғуртавӣ, ба истиснои хизматрасониҳои суғуртаи ҳатмии давлатӣ, ба роҳ монда, ҷиҳати васеъ намудани доираи фаъолияти ширкатҳое, ки ба хизматрасонии суғуртаи ҳатмӣ машғуланд, чораҳои зарурӣ андешанд.

Амалӣ намудани хизматрасониҳои суғуртаи ҳатмӣ аз ҷониби ширкатҳои хусусӣ ба рушди рақобат дар бозори суғурта, пайдо шудани хизматрасониҳои нави суғуртавӣ, баланд гардидани сифати онҳо ва самаранокии фаъолияти ширкатҳо мусоидат менамояд.

Аз ин хотир, зарур аст, ки фаъолияти муассисаву корхонаҳои воҳиди давлатӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, сиёсати мунтазам кам кардани шумораи онҳо ба роҳ монда шавад.

Дар ин робита бояд ба масъалаҳои бекор намудани ваколатҳои танзимкунандаи корхонаҳои воҳиди давлатӣ, ҳуқуқи онҳо оид ба талаб намудани ҳисобот аз дигар корхонаҳои хусусӣ ва содда гардонидани қоидаҳои дастрасӣ ба хизматрасониҳои корхонаҳои воҳиди давлатӣ диққати махсус дода шавад.

Ҳозирини гиромӣ!

Фароҳам овардани шароити дастрасӣ ба захираҳои қарзӣ самти муҳимми ислоҳот оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ мебошад.

Ҳоло ҷиҳати мусоид гардонидани шароити пешниҳоди гарав ба бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд имкониятҳои хуб фароҳам оварда шуда, қонунгузории кишвар бо мақсади васеъ намудани дастрасии бахши хусусӣ ба воситаҳои қарзии низоми бонкӣ ва аз байн бурдани мухолифати байни санадҳои қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои гарав ва муфлисшавӣ такмил дода шудааст.

Ҳамчунин ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид барои қарздиҳӣ аввалин Бюрои қарзиву иттилоотии кишвар таъсис дода шуд.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда қарздиҳӣ ба субъектҳои соҳибкорӣ хеле афзуд.

Бо вуҷуди ин ҳама, фоизи қарзҳои пешниҳодшаванда ва муҳлати онҳо то ҳанӯз хеле баланд буда, шароити пешниҳоди қарз мураккаб боқӣ мемонад.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки аз ҷониби Бонки миллӣ барои ҷалби ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонии рейтингӣ чораҳои амалӣ андешида, барои гирифтани рейтинги мустақили кишвар ва дар ин замина паст намудани фоизи қарзҳои ҷалбшаванда чораҷӯӣ карда шавад.

Омилҳое, ки ба фаъолияти соҳибкорон таъсири манфӣ мерасонданд, баланд будани фоизи қарзҳои бонкӣ, кӯтоҳ будани муҳлати пешниҳоди қарз, мавҷуд набудани воситаҳои қарзии махсус барои рушди ин ё он соҳа махсусан дар деҳот, талаботи мураккаб оид ба гарави амвол, истифодаи нокифояи лизинги молиявӣ ва низоми бонкдории исломӣ ба шумор мераванд.

Бонки миллии Тоҷикистонро зарур аст, ки якҷо бо мақомоти дахлдор шаклҳои муосир ва инноватсионии маҳсулоти қарзиро бо дарназардошти мукаммал намудани ҷанбаҳои асосии маҳсулоти қарзии амалкунанда, таҳияи маҳсулоти қарзии махсуси соҳавӣ, паҳн намудани микролизинг ва ба таври васеъ ҷорӣ намудани низоми бонкдории исломӣ омода созад.

Инчунин ҷиҳати дастгирии соҳаҳои истеҳсолӣ роҳҳои бозории пешниҳоди маблағгузории дарозмуддатро бо шартҳои муносиб мавриди таҳлили ҳаматарафа қарор дода, ба Ҳукумат хулосаҳои мушаххас пешниҳод намояд.

Масъалаи дигари рушди низоми бонкӣ тавсеаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ мебошад.

Зеро чунин усул дар баробари таъмин намудани шаффофият инчунин низоми муътадили рушд ва фаъолияти устувори субъектҳои иқтисодиро тақвият бахшида метавонад.

Бинобар ин, ба Бонки миллӣ супориш дода мешавад, ки ҷиҳати истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор тадбирҳои зарурӣ андешад.

Дӯстони гиромӣ!

Дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ пешниҳоди ҳисоботи омории саҳеҳ аз ҷумлаи масъалаҳои мубрами рӯз мебошад.

Айни замон ҳисоботи оморӣ дар аксари ҳолатҳо ба воқеият рост намеояд.

Соҳибкорон ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ ҳангоми пешниҳоди ҳисоботи оморӣ ба хатоиҳо роҳ медиҳанд.

Маълумоти оморӣ оид ба истеҳсоли маҳсулот ё хизматрасонӣ бо дарназардошти манфиатҳои шахсӣ ё идоравӣ, аз ҷумла бо мақсади аз андозбандӣ пинҳон кардани истеҳсоли маҳсулот, барзиёд нишон додани иҷрои нақшаи истеҳсол ва дигар сабабҳо кам ё зиёд нишон дода мешавад, ки ин боиси мураккаб гардидани банақшагирии истеҳсоли маҳсулот, воридот ва содироти он мегардад.

Инчунин омори сармояи хориҷӣ, аз ҷумла сармояи мустақим ба бахши хусусӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиёт низ ба такмил ниёз дорад.

Аз ин лиҳоз, ба Агентии омор супориш дода мешавад, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати ба роҳ мондани усулҳои муосири баҳисобгирии оморӣ оид ба саҳми бахши хусусӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, воридоти маблағи андозҳо ва дигар пардохтҳо, сармояи хориҷӣ, аз ҷумла сармояи мустақим ва дигар соҳаҳои иқтисодиёт омӯзиш гузаронида, ба Ҳукумат пешниҳоди мушаххас манзур намояд.

Масъалаи муҳимми рушди минбаъдаи соҳибкорӣ содда намудани ҷараёни санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар ин самт мебошад.

Эътироф накардани натиҷаҳои санҷиши аз ҷониби як мақом гузаронидашуда аз тарафи дигар мақомот ва гузаронидани санҷиши такрорӣ масъалаи дигарест, ки боиси нигаронии соҳибкорон шудааст.

Бинобар ин, ба мақомоти санҷишӣ супориш дода мешавад, ки ҷиҳати эътироф кардани санҷиши сохторҳои як мақомот аз ҷониби сохторҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявии онҳо ва роҳ надодан ба санҷишҳои такрорӣ чораҳои амалӣ андешанд.

Раванди такмили қонунгузории санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ки эълони моратория низ ба низоми он дохил мешавад, кифоя нест.

Тавре ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, то ҳанӯз баъзе масъулони сохтору мақомоти санҷишкунанда ба ҳадафи асосии гузаронидани санҷиш муносибати ҷиддӣ ва ҳаматарафа зоҳир намекунанд.

Дар ҳузури ҷомеаи соҳибкорону сармоягузорон хотиррасон менамоям, ки мақсад аз гузаронидани санҷиш кам намудани таваккал (хавф) барои саломатии шаҳрвандон, муҳити зист, амнияти ҷомеа ва бехатарии моликият тавассути таъмини риояи қонунгузорӣ аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор дар ҷараёни амалӣ намудани фаъолияти онҳо мебошад.

Мақомоти санҷишӣ минбаъд набояд ба ҷавобгарӣ ҷалб намуданро чун нишондиҳандаи фаъолияти худ арзёбӣ намоянд, балки барои зиёд шудани ҳуқуқвайронкуниҳо низ масъулият дошта бошанд.

Аз ин лиҳоз, ба Ҳукумати Тоҷикистон супориш дода мешавад, ки муҳлати амали қонунгузории санҷишро аз 1 январи соли 2016 муайян карда, дар соли 2015 санадҳои дахлдорро қабул намояд, то ки татбиқи ислоҳоти санҷиш самараи дилхоҳ диҳад.

Соҳибкорон ва сармоягузорони гиромӣ!

Барои фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ дар самти бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқ ба он Корхонаи воҳиди давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” таъсис дода, вазифа гузошта шудааст, ки расмиёти бақайдгирии молу мулки ғайриманқул содда гардонида, низоми “Равзанаи ягона” ташкил карда шавад.

Ҳоло барои бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул шиносномаи техникӣ, сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, шаҳодатномаи бақайдгирӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо пешниҳод мегарданд ва мувофиқи низоми нав чор расмиёти алоҳида ба як расмиёт муттаҳид карда мешавад.

Айни замон дар 10 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд расмиёти доду гирифти молу амвол, санадҳои бойгонӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои корхонаҳои муттаҳидшаванда амалӣ гардида, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ корҳо дар ин самт идома доранд.

Бинобар ин, ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ супориш дода мешавад, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар ва пурра ба роҳ мондани низоми “Равзанаи ягона” барои бақайдгирии молу мулки ғайриманқул тадбирҳои мушаххас андешида, аз натиҷааш ба Ҳукумат маълумот пешниҳод намояд.

Ҳамзамон бо ин, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ ва зиёд намудани содироти он аз мақсадҳои ниҳоии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад.

Дар соли 2013 гардиши савдои хориҷии кишвар ба 62 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар гардид, ки аз он содирот 14 фоиз ва воридот 48 фоизро ташкил медиҳад.

Яъне воридот аз содирот 3,4 баробар зиёд буда, тамоюли зиёдшавӣ дорад, ки ин нишондиҳанда дар баробари омилҳои дигар аз сатҳи рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ вобаста мебошад.

Ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ гардонидани нарх ва сифати маҳсулот, ки аз ҷумлаи талаботи воридшавӣ ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мебошад, роҳи асосии баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ ва ба бозорҳои ҷаҳонӣ баровардани он ба ҳисоб меравад ва ин аз мақомоти давлатӣ ва ҳам бахши хусусӣ вобастагии калон дорад.

Бинобар ин, бо мақсади баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулот ва хизматрасониҳои ватанӣ, самаранокии иқтидори корхонаҳои ватании ҷорикунандаи низоми назорати сифати маҳсулот дар ширкатҳои истеҳсолӣ тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ва ҳамзамон бо ин, бартараф намудани монеаҳои техникӣ мақомоти марбута вазифадор карда мешаванд, ки тартиби эътирофи ҳуҷҷатҳои баҳодиҳии мутобиқати маҳсулоти дар хориҷа истеҳсолшударо таҳия ва тасдиқ карда, ҷиҳати ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии назорати сифат дар корхонаҳои ватанӣ мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Ҳамзамон бо ин, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ бо мақсади баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти дохилӣ ва зиёд кардани иқтидори содиротии мамлакат ҷиҳати муҳайё намудани тамоми шароити зарурӣ барои истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони ватанӣ, пеш аз ҳама, барои бахши хусусӣ, аз ҷумла бо роҳи ташкил ва таҷдиди инфрасохтори логистикӣ, шоҳроҳҳо ва пулҳо, тақвият додани ҳамкории бахши хусусӣ бо шарикони тиҷоратии боэътимод дар кишварҳои хориҷӣ ва ҳавасмандгардонии содироткунандагони маҳсулоти ниҳоӣ пайваста чораҷӯӣ намоянд.

Тоҷикистон то имрӯз як қатор санадҳои байналмилалиро эътироф кардааст, ки онҳо барои рушди бемайлони иқтисодиёти мамлакат имконият ва шароити мусоид фароҳам меоранд.

Дар раванди истифодаи ин имкониятҳо бо мақсади вобаста нагардидани кишвар аз молу маҳсулоти воридшаванда ба ҳавасманд гардонидани истеҳсолкунандагони ватанӣ эътибори ҷиддӣ бояд дод.

Фаъолияти самараноки бахши хусусӣ яке аз нишонаҳои асосии сатҳи рақобатнокӣ дар иқтисодиёт ба ҳисоб меравад.

Бояд гуфт, ки ҳарчанд саҳми бахши хусусӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба 93 фоиз баробар аст, ин нишондиҳанда дар соҳаи саноат 53 фоиз ва соҳаи сохтмон 43 фоизро ташкил медиҳад.

Аммо ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 13 фоиз ва сохтмон 10 фоиз мебошад, ки ин барои татбиқи афзалиятҳои муайяншуда нокифоя аст.

Ин нишон медиҳад, ки саҳми соҳаҳои саноати коркард дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи кофӣ нест, ҳарчанд ки дар кишвар захираву имкониятҳо барои зиёд кардани онҳо вуҷуд доранд ва ба воситаи бахши хусусӣ ин корро кардан мумкин аст.

Бо мақсади беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи саноат ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар солҳои 2014-2020 давраи дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди саноат дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ эълон шудааст.

Бори дигар таъкид месозам, ки ҳадафи мо аз ин иқдомот ҷалби ҳарчи бештари сармоя, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ бо воридоти технологияҳои пешрафта, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ, рушди иқтисодии мамлакат ва фароҳам овардани ҷойҳои иловагии корӣ мебошад.

Вобаста ба ин, такон бахшидан ба рушди соҳаҳои саноат тавассути андешидани тадбирҳои иловагӣ ва ҷалби бахши хусусӣ аз ҷумлаи корҳои муҳимтарини мо ба ҳисоб меравад.

Аз таҷрибаи солҳои гузашта ва таҳлилҳо бармеояд, ки рақобатнокии бахши хусусиро бахусус дар соҳаҳои саноати коркард ва сохтмон баланд бардоштан лозим аст.

Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат ва роҳбарони ҳамаи шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки барои ба таври назаррас зиёд кардани саҳми соҳаҳои коркард дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, муҳайё намудани шароити мусоид ҷиҳати фаъолияти боз ҳам беҳтари бахши хусусӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои коркард ва сохтмон, беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ барои соҳибкорони ватанӣ ва шарикони хориҷии онҳо, дастгирии ташаббусҳои соҳибкорон дар сатҳҳои идоракунии марказӣ ва маҳаллӣ чораҳои зарурӣ андешида, аз натиҷааш ҳар сол ба Ҳукумат маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.

Ҳозирини арҷманд!

Бори дигар хотиррасон менамоям, ки дар самти ҷалби сармоя ва ҳимояи сармоягузорон дар кишвари мо ҳоло тамоми заминаҳои меъёрии ҳуқуқии зарурӣ фароҳам оварда шудаанд.

Вале бо мақсади боз ҳам мусоид намудани шароити сармоягузорӣ дар кишвар қонунгузории амалкунанда дар ин самт таҷдиди назарро тақозо мекунад.

Дар робита ба ин, зарур мешуморам, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сармоягузорӣ” дар таҳрири нав таҳия карда шавад ва дар асоси он ба қонунгузории амалкунанда вобаста ба талаботи замони муосир ва уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон тағйироти зарурӣ ворид карда шаванд.

Беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо низ вобастагӣ дорад, зеро сармоягузорон ва соҳибкорон бо лоиҳаҳои худ маҳз ба назди онҳо меоянд.

Имрӯз шӯроҳои минтақавӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар назди раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияи Фархор, шаҳрҳои Кӯлоб, Истаравшан, Исфара, Панҷакент ва ноҳияҳои водии Рашт таъсис дода шудаанд.

Мақсади асосии ин амал фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби бештари сармоя ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳо мебошад, ки дар айни замон ба некӯаҳволии сокинон, ғанӣ гардонидани буҷети маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ ва таҳкими ҳамкориҳои давлат ва бахши хусусӣ равона карда мешавад.

Механизми шарикии байни давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла истеҳсол ва коркарди қувваи барқ, хоҷагии манзиливу коммуналӣ, обрасонӣ, коркард ва нобуд сохтани партовҳо, тандурустӣ ва маориф, нақлиёт, сохтмон ва истифодаи роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан, нақбҳо, роҳҳои зеризаминӣ ва инфрасохтори онҳо, истифодаи қаъри замин ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим истифода мегардад.

Иштироки бахши хусусӣ дар рушди ин соҳаҳо барои ташкили ҳамкориҳои созандаи байни мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ, баланд бардоштани самаранокии истифодаи амволи давлатӣ, рушди иқтидори сармоягузорӣ ва инноватсионӣ имконият фароҳам оварда, дар маҷмӯъ ба баланд бардоштани иқтидори иқтисодии мамлакат такон хоҳад бахшид.

Итминон дорам, ки бо истифода аз низоми ҳуқуқиву иқтисодии шарикии давлат ва бахши хусусӣ мо метавонем тавассути амалигардонии лоиҳаҳои муштарак ба рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла саноат, кишоварзӣ, молия, сохтмон, нақлиёт, алоқа, сайёҳӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум мусоидат намоем.

Аз ин рӯ, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, дигар сохторҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки якҷо бо бахши хусусӣ механизми шарикии давлат ва бахши хусусиро тақвият бахшида, ҳарчи бештар лоиҳаҳоро дар ин самт амалӣ намояд.

Муҳтарам соҳибкорон ва сармоягузорон!

Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби худ вобаста ба ҳалли пурра ва саривақтии масъалаҳои имрӯз баррасишаванда тамоми имкониятҳоро истифода мебарад.

Аммо ҳалли бисёре аз масъалаҳои зикргардида танҳо аз мақомоти давлатӣ вобаста набуда, аз шумо, соҳибкорон ва сармоягузорон ва кулли мардуми кишвар низ вобастаанд.

Бинобар ин, намояндагони бахши хусусӣ ва сармоягузорон низ бояд ҷиҳати ҳалли ин масъалаҳо тамоми имкониятҳоро истифода бурда, ҳамкориҳоро бо мақомоти давлатӣ тақвият диҳанд.

Амалҳои дастҷамъонаи мақомоти давлатӣ ва бахши хусусиву сармоягузорон калиди асосии ноил шудан ба ҳадафҳои афзалиятноки мо мебошад.

Мо метавонем якҷоя ба тамоми мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ истодагарӣ карда, лоиҳаҳои миқёсан бузургро амалӣ намоем.

Мо бояд як масъалаи муҳимро ҳамеша дар мадди назар дошта бошем, ки истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва зиндагии осоишта дастовард ва неъмати беназири мо мебошад.

Бовар дорам, ки мо ҳамаи неъматҳои дигарро бо роҳи муттаҳид гардидан ба хотири мақсаду мароми ягона - бунёди давлати нерӯманду мутараққӣ ба даст меорем ва нақшаву ниятҳои неки созандаамонро амалӣ мегардонем.

Мо бояд ифтихор кунем, ки Тоҷикистон ҳамчун хонаи умед ва орзуҳои тоҷикони дунё дар пеши чашмони мову шумо ва тавассути заҳмати содиқонаи мардуми шарифи кишвар, аз ҷумла шумо, соҳибкорони бонангу номуси Ватан бунёд мегардад.

Бовар дорам, ки ваҳдати миллӣ, нерӯи созандаи шаҳрвандон, муттаҳидӣ дар атрофи мақсад ва мароми ягона барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда мусоидат хоҳанд кард.

Мардуми бузурги тоҷик мардуми соҳибтамаддун, хирадманд ва болаёқату соҳибистеъдод буда, ба дастовардҳои беназир қодир аст.

Мо шарикӣ ва дӯстиро қадр мекунем, ба ҳамкорӣ ва идомаи фаъолияти муштарак доимо омода ҳастем.

Итминони комил дорам, ки ҳар яки шумо, соҳибкорону сармоягузорони боғайрату бонангу номус ва ҳимматбаланду ватандӯст минбаъд низ ба хотири таҳкими иқтидори иқтисодии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ободии Ватан, осудагиву фаровонии хонадони ҳамаи ҳамватанони азизамон ва болоравии нуфузу обрӯи кишвари маҳбубамон дар арсаи байналмилалӣ тамоми саъю талоши ватанпарваронаи худро сафарбар хоҳед кард.

Мехоҳам ба ҳамватанони бурунмарзиамон ва доираҳои соҳибкории онҳо, ки намояндагонашон имрӯз дар ин толор ҳузур доранд, махсус муроҷиат карда, бори дигар ба ҳамаи онҳо барои ҳиссаи арзандаашон дар раванди созандагиву ободкории ватани аҷдодӣ, ташкили коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолии бекор, хулоса, дар таҳкими иқтидори иқтисодии давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи тоҷик сидқан сипосу миннатдорӣ баён мекунам.

Мо саҳми ватандӯстонаи шуморо ҳаргиз фаромӯш намекунем ва ба ҳар якатон ҳамеша саломативу хушбахтӣ, хонаободиву хушрӯзӣ ва барори кор орзу мекунем.

Бо ҳамин ниятҳои нек ба ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ, сарбаландиву сарфарозӣ ва муваффақияти кор орзумандам ва ба ҳар хонадони Тоҷикистони азизамон оромиву осоиш, бахту саодат ва рӯзгори пурфайзу баракат мехоҳам.

Дар фарҷоми сухан пешниҳод мекунам, ки ба хотири заҳматҳои кашидаи шумо дар роҳи ободии Ватан ва ҳамчун рамзи дастгирии фаъолияти содиқонаву софдилонаатон 14 - уми октябр дар мамлакат рӯзи соҳибкорон эълон карда шавад.

Доимо саломату сарбаланд ва комёбу муваффақ бошед!