Хабарҳо

  • Форуми соҳибкории ҷавонон

    17 январ дар шаҳри Душанбе бо назардошти ташаббусҳои бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон, аз ҷумла дар доираи чорабиниҳои таҷлили Соли ҷавонон аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ якҷо бо Бонки ҷаҳонӣ Форуми соҳибкории ҷавонон баргузор гардид.

    Давом»

  • Ҷаласаи васеи ҳайати Мушовараи Кумита

    12 январ дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҳайати Мушовараи Кумита бо иштироки Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид баргузор гардид. Дар кори ҷаласа дар баробари аъзои ҳайати Мушовара, роҳбарони сохторҳои Кумита, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, як қатор ҷамъиятҳои саҳомӣ ва Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ширкат меварзанд.

    Давом»