Ҷамъбасти фаъолияти кумита дар соли 2016

10 декабри   соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҳайати мушовара “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  соли 2016 ва вазифаҳо барои  соли 2017”доир гардид.

Дар кори ҷаласа аъзои ҳайати мушовара, роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, роҳбарони сохторҳои дастгоҳи марказӣ, муассисаю ташкилотҳои зертобеи Кумита, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳо, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, сардорони раёсатҳои  вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шуъбаю бахшҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ширкат варзиданд.

Ҷаласаро Раиси Кумита, муҳтарам Қодири Қосим ифтитоҳ намуда, муовини Раиси Кумита Нигина Анварӣ аз рӯи “Натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017” маърӯза кард.

         Дар маърӯза,  аз ҷумла қайд гардид, ки 1 декабри соли ҷорӣ маҷмӯи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории амалкунанда ба маблаѓи умумии   22,1 млрд. сомониро ташкил мекунад. Аз оѓози татбиқи лоиҳаҳо то ба ҳолати 1-уми декабри соли 2016, 10,8 млрд. сомонӣ азхуд карда шудааст, ки ин 48,6%-и маблаѓи умумии лоиҳаҳоро ташкил медиҳад ва дар доираи лоиҳаҳои мазкур 2,9 млрд. сомонӣ азхуд карда шудааст, ки ин дар маҷмӯъ ба 71%-и нақшаи солона баробар мебошад.

Дар ин давра бо шарикони рушд 23 созишномаи нав ҷиҳати амалисозии 13 лоиҳаи афзалиятноки кишвар ба маблаѓи умумии 234,3 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шуд.

Тибқи маълумоти расмӣ воридоти умумии сармоягузории хориҷӣ дар нуҳ моҳи соли 2016-ум, 695,0 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки аз он 354,4 млн. долларро сармоягузории мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад.

Боиси тазаккур аст, ки сармояи мустақими хориҷӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,8% афзуда, бештар ба соҳаҳои саноати коркард – 38,9 фоиз, саноати истихроҷи маъдан – 23,1 фоиз, фаъолияти молиявӣ ва хизматҳои тиҷоратӣ – 15,6 фоиз , нақлиёт ва алоқа – 8,2 фоиз ва ѓайраҳо равона карда шудаанд.

Сармояи хориҷӣ асосан аз Ҷумҳурии Мардумии Чин 61,8 фоиз, Федератсияи Россия 13,2 фоиз, Арабистони Саудӣ 5,3 фоиз, Британияи Кабир 4,3 фоиз, ИМА 2,6 фоиз ва дигар мамлакатҳои ҳамшарик ворид гардидааст.

 Шартнома оид ба консессияи Маркази барқу гармдиҳии «Шӯроб», Номгӯи молҳои аз ҷониби «Ширкати байналмилалии истеҳсолии Чжунгтсай Моҳир Семент» барои сохтмони корхонаҳои истеҳсоли семент, гаҷкартон ва халта дар ноҳияи Ёвон воридшаванда, ки аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод карда мешаванд, Созишномаи сармоягузорӣ оид ба таҷдид ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли аммиак ва карбамид дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон дар заминаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» тасдиқ гардиданд.

Бояд зикр намуд, ки татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории мазкур ба рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ аҳамияти назаррас дошта, маросими ифтитоҳи иншоотҳо, бо иштироки Асосгузорӣ сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардиданд.

Дар соли 2016 таҳти ҳамраисии Кумита ҷаласаи дуюми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ, инчунин ҷаласаи якуми Гуруҳи кории доимии байнисоҳавии Тоҷикистону Чехия оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ ва саноатӣ доир карда шуд.

Дар соли 2016 Кумита дар самти нигоҳдорӣ ва истифодаи самараноки моликияти давлатӣ, хусусигардонӣ, реструктуризатсияи корхонаҳои бузург ва идоракунии дороиҳои давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои амволии ҷумҳурӣ дар дохил ва хориҷи кишвар як қатор корҳои мушаххасро ба анҷом расонидааст.

Бо қарорҳои дахлдори Кумита 1678 адад воситаҳои асосии давлатӣ ба маблаѓи умумии 18,2 млн. сомонӣ аз тавозуни як мақомот ва корхонаю ташкилот ба тавозуни дигар мақомот ва корхонаю ташкилотҳои давлатӣ гузаронида шуда, ҷиҳати аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосии 141 адад мақомот, корхонаю ташкилот ва муассисаҳои мансуб ба моликияти ҷумҳуриявӣ розигии Кумита дода шудааст.  

Ҳамзамон, вобаста аз ҳолати воқеӣ ва  эҳтимолияти ба фурӯш рафтан 247 адад воситаҳои асосии давлатии барои аз эътибор соқит намудан пешниҳодгардидаи корхонаю ташкилотҳо бо нархи ибтидоии 1,3 млн. сомонӣ ба савдои музоядавӣ пешниҳод карда шудаанд.  

Дар соли 2016 дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати ба фурӯш баровардани моликияти коммуналӣ 48 музояда гузаронида шуда, 126 иншоот, 32 адад воситаи нақлиётӣ ва дигар намуди амволи давлатӣ фурӯхта шудаанд.

Маблаѓи умумии ба буҷетҳои маҳаллӣ аз ҳисоби хусусигардонӣ ва ба иҷора супоридани моликияти коммуналӣ воридгардида 43,6 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли 2015  27,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад.    

Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати татбиқи амалии Барномаи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016 бо қарорҳои дахлдори ҳайати мушовараи Кумита ҳамагӣ 8 адад ҷамъиятҳои саҳомии кушода бо 100 фоизи саҳмияҳои давлатӣ дар сармояҳои оинномавии онҳо ташкил карда шудаанд.

Бо мақсади ба роҳ мондани идоракунии корпоративӣ ва рушди фаъолияти шӯроҳои нозирон дар 54 адад ҷамъияти саҳомии кушода ва ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд, ки дар сармояи оинномавии онҳо саҳми давлат мебошад, шӯроҳои нозирон таъсис дода шудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ оид ба фурӯши бастаҳои саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи 31 адад ҷамъиятҳои саҳомӣ, 53 адад иншооти ѓайриманқул ва 176 адад воситаҳои нақлиётӣ тавассути музоядаҳо ва тендерҳои сармоягузорӣ қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

Ҳолати нигоҳдорӣ ва истифодабарӣ, инчунин риояи тартиби ба иҷора додан ва аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосӣ дар 290 субъекти хоҷагидор мавриди санҷиш қарор дода шудааст.

Дар корхонаҳои санҷидашуда 70 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд, ки нисбат ба соли 2015 ба миқдори 20 адад зиёд аст. Нисбати ҳуқуқвайронкунандагон ба маблаѓи 72 840,00 сомонӣ ҷарима таъйин карда шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2015 ба маблаѓи 29,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати ба иҷора супоридани  амволи давлатӣ 15 озмун барпо гардид, ки тавасути он 286 адад иншооти давлатӣ ба маблаѓи умумии солонаи 2,8 млн. сомонӣ ба иҷора супорида шуд.

Дар соли 2016 аз ҳисоби иҷораи амволи давлатӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ зиёда аз 6,3 млн. сомонӣ ворид гардидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2015 ба маблаѓи 350,0 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра 492 адад манзилҳои истиқоматии бартарафшаванда, 54 адад ҷамъиятҳои саҳомии кушода, 76 адад бахшу воҳидҳои сохтории корхонаҳои давлатӣ, 393 адад воситаҳои нақлиётӣ,  12 адад объекти соҳаи иҷтимоӣ, 3 адад иншооти сохтмони нотамом, 236 адад амволҳои ҳабсгардида ва 457 адад амволи мансуб ба моликияти коммуналӣ баҳогузорӣ карда шудаанд.

Ба ҳолати 1 декабри соли 2016 аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти ҷумҳуриявӣ 28,1 миллион сомонӣ ба буҷети давлат ворид шудааст, ки 112,4 фоизи нақшаи пешбинигардидаи Буҷети давлатии ҷумҳурӣ барои соли 2016-ро (25 000 000 сомонӣ) ташкил медиҳад.

Бо мақсади ба шароити муосири танзими фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мутобиқ гардонидани қонунгузорӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ қабул ва аз 1 июли соли 2016 мавриди амал қарор дода шуд.

Бо мақсади тавассути низоми электронӣ ба расмият даровардани беш аз 30 фоизи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, Низоми ягонаи электронии ба расмият дарории ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ тариқи пилотӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати нақлиёт ҷорӣ карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ, мониторинги иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ барои солҳои 2012-2020 мунтазам гузаронида шуд.

Дар ин давра, ҷаласаи 16-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардида, дар он натиҷаҳои таҳлил ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ, натиҷаҳои таҳлили пешакии мушкилиҳои низоми андозбандӣ, роҳҳои ҳалли онҳо ва дигар масъалаҳои мубрами рушди соҳибкориву сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Бо мақсади рушди муколамаи давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи маҳал, дар зиёда аз 40 шаҳру ноҳияҳои мамлакат шуроҳои машвратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ таъсис дода шуданд.

 Дар соли 2016 се ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ баргузор гардида, дар онҳо ѓолиби тендреҳо вобаста ба амалисозии лоиҳаҳои “Сохтмони хати интиқоли барқ ба Минтақаи озоди иқтисодии Данѓара” ва “Таҷдид ва идоранамоии кӯдакистони №133” маъқул дониста шуданд.

Бо мақсади дастгирии молиявии субъектҳои соҳибкорӣ ба ҳолати 1 ноябри соли 2016 тавассути Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 132 лоиҳа ба маблаѓи    120 млн. 273 ҳазор сомонӣ дастгирӣ ёфт.

Ҷиҳати муайян намудани мушкилотҳои мавҷуда, ки дар шароити буҳрони молиявӣ раванди соҳибкориро дар кишвар душвор менамоянд, таҳти роҳбарии Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби роҳбарони Кумитаи андоз, хадамотҳои гумрук ва зиддиинҳисорӣ, Агентии “Тоҷикстандарт” Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ гуруҳи корӣ таъсис дода шуда, дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо соҳибкорон мулоқотҳо гузаронида шуд.

Инчунин бо қарори Раиси Кумита аз 18 ноябри соли 2016 аз ҳисоби кормандони Кумита ва воҳидҳои сохтории он гуруҳи корӣ таъсис дода шуда, фаъолияти раёсату шӯъбаҳо ва бахшҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 20 ҳамоишҳои доираҳои соҳибкориву сармоягузории Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, ҷаласаҳои гуруҳи кории назди Кумита оид ба рушди бахши хусусӣ, аз ҷумла Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2016 таҳти унвони “Рушди истеҳсолоти миллӣ-имконияти нави сармоягузорӣ” дар доираи таҷлили дуюмин солгарди “Рӯзи соҳибкор” баргузор гардид.

Дар ин давра, бизнес-форумҳои доираҳои соҳибкороиву сармоягузории  Тоҷикистону Туркманистон, Корея, Олмон, Фаронса, Чехия, Қазоқистон, Федератсияи Россия, Туркия ва Хитой, инчунин Форуми соҳибкорони мамлакат ва намоишгоҳи молу маҳсулоти “Хатлон-2016”, Форуми сармоягузории “ПомирИнвест” ва Бизнес-Форуми иқтисодии сармоягузории “Гавҳари Роҳи абрешим” баргузор шуданд.

Ислоҳоти гузаронидашуда имконият дод, ки мавқеи байналмилалии ҷумҳурӣ дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки ҷаҳонӣ барои соли 2016 34 зина ва барои соли 2017 боз 4 зина беҳтар карда шавад.

Ба ҳолати 1 декабри соли 2016 тавассути низоми «Равзанаи ягона» дар миқёси ҷумҳурӣ 288 196 адад субъектҳои соҳибкорӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли 2015 ба миқдори 13 123 адад  ва ё 4,8 % зиёд гардидааст.

Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон то 1 сентябри соли 2016 аз ҷониби Бонкҳои давлатӣ, тиҷоратӣ ва ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ ба субъектҳои соҳибкорӣ ба маблаѓи 6,0 млрд. сомонӣ қарз ҷудо карда шудааст, ки ин нишондод нисбат аз ҳамин давраи соли 2015, - 2,6  млрд. сомонӣ ва ё  30,4 фоиз кам мебошад.

Сипас, муҳтарам Қодири Қосим аз роҳбарони сохторҳои дахлдор нисбати корҳои ба субут расонидаашон пурсон шуда, аз фаъолияти баъзе сохторҳо, бахусус   марказҳои татбиқи лоиҳаҳо изҳори нигаронӣ намуда, оид ба рафъи қазияю норасоиҳо андеша ронд ва вобаста ба такмили фаъолияти Кумита ва сохторҳои он дар самти ҷалби бештари сармоя,  истифодаи самараноки моликияти давлатӣ, рушди соҳибкорӣ  пешниҳодҳо намуда, баҳри рафъи қазияю норасоиҳо  марказҳои татбиқи лоиҳаҳо супоришҳои судманд дод.

Дар интиҳои ҷаласа қарори дахлдори ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.



Ба рӯйхат хабарҳо