Муаррифии Қонун “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор”

20 декабри соли 2016 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Корпоратсия байналмилалии молиявӣ (IFS) бо иштироки соҳибкорон ва намояндаҳои ассотсиатсияҳои бахши хусусӣ мизи мудаввар оид ба муаррифии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” дар таҳрири нав баргузор гардид.

Бояд зикр намуд, ки бо мақсади иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардиданд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» дар таҳрири нав бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ аз 25 декабри соли 2015, №1269 қабул ва аз 1 июли соли 2016 мавриди амал қарор дода шуд.

Қонуни мазкур дар ҷумҳурӣ санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро аз рӯйи таваккал ба роҳ монда, расмиёти гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидор ва шахсони мансабдори мақомоти санҷиш, ҳисоботдиҳӣ, омӯзиш ва баҳодиҳии фаъолияти шахсони мансабдори мақомоти санҷиш ва ҳамкории мақомоти санҷишро муқаррар мекунад. 

Ҳамчунин, бартариятҳои Қонун муаррифи карда шуда, қайд гардид, ки мафҳумҳои таваккал, меъёрҳои баҳодиҳии дараҷаи он, мақоми ваколатдори давлатӣ, объекти санҷиш ва ғайра ҳамчун мафҳумҳои нав пешбинӣ гардидааст.

Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ва бо мақсади таъмини ҳамкорӣ, танзим ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2016, №331 Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ таъсис, ҳайат ва Низомномаи он тасдиқ карда шудааст.

Тибқи банди 2 Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи ислоҳоти минбаъда дар самти санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ки дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ тасдиқ карда шуд, гузаронидани вохӯриҳо ва мизҳои мудаввар ҷиҳати шиносоии субъектҳои соҳибкорӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” пешбинӣ шудааст.

Дар чорабинии мазкур зиёда аз 80 нафар соҳибкорон ва намояндаҳои ассотсиатсияҳои бахши хусусӣ иштирок намуданд.

Дар раванди баргузорӣ вохӯрӣ аз ҷониби масъулин ба иштирокчиён маълумоти муфассал оид ба қонуни нав бартариятҳои он, қадамҳои минбаъда оид ба татбиқи қонунгузории санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, нақши ассотсиатсияҳо барои татбиқи босамари қонунгузорӣ манзури иштирокчиён гардид.

Чорабинии мазкур марҳилаи аввал дар ин самт буда, дар оянда ба нақша гирифта шудааст, ки дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ чунин чорабиниҳои омӯзишӣ ташкил ва гузаронида шаванд.



Ба рӯйхат хабарҳо