Ҳамовозӣ ба паёми Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Имрӯз тамоми кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва воҳидҳои тобеи он дар толори Кумита ҷамъ омада, бо як руҳияи баланди сиёсӣ - Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо карданд.

Дар воқеъ, ҳар сол  мардуми кишвар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бесаброна интизоранд ва ин ҳам бесабаб нест. Паёми Президенти кишвар аз минбари баланд мазмунан сермуҳтавоъ, фарогири паҳлуҳои мухталиф - иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг, умуман ҳаёт буда, барои ҳар яки мо раҳнамои асосии зиндагӣ мебошад.

Нуқтаҳои алоҳидаи Паём маҳз ба фаъолияти бевоситаи Кумита дахл дошта, моро водор месозад, ки баҳри амалӣ гаштани онҳо саъю талош намоем.  Дастгирии соҳибкорӣ самти афзалиятноки Кумита ба шумор рафта, дар ин самт корҳои зиёде ба сомон расонда шуданд.

Давлат ва Ҳукумати кишвар таъмин намудани пешрафти соҳаи соҳибкориро яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти худ қарор дода, барои дастгирии соҳибкорон, таъмини шароити мусоиди ташаккули соҳа тавассути муқаррар кардани имтиёзҳои мухталиф дар соҳаи андозбандӣ, пардохти боҷи гумрукӣ, ҷорӣ намудани мораторий барои санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ тамоми чораҳои заруриро амалӣ месозад.

 Маҳз рушди соҳаҳои воқеӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақим ва воридоти технологияҳои нави инноватсионӣ имкон медиҳад, ки раванди саноатикунонии мамлакат таъмин гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва шумораи ҷойҳои нави корӣ мунтазам афзоиш дода шавад.

Сохтмони се корхонаи саноатӣ дар ноҳияи Ёвон ва ба кор оғоз кардани корхонаи маъдантозакунии Такоб, ки барои тавлиди алюминий ашёи хом истеҳсол мекунанд, ҷиҳати паст кардани арзиши аслии алюминий ва вобастагӣ аз ашёи хоми воридотӣ, инчунин, маҷмааи нассоҷӣ оид ба коркарди пахта дар ноҳияи Данғара барои афзоиши иқтидори содиротии кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.

Бунёди корхонаи муосир оид ба коркарди маъдан дар шаҳри Панҷакент, корхонаҳои металлургӣ ва истеҳсоли маҳсулоти оҳан дар шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Спитамен, инчунин, корхонаи истихроҷу истеҳсоли тилло дар шаҳри Ваҳдат идомаи мантиқии ин раванди созанда мебошад.

Бояд зикр намуд, ки барои бунёду ба кор андохтани корхонаву коргоҳҳои саноатии зикршуда ва ду корхонаи нави сементбарорӣ, дар маҷмӯъ, ҳафтуним миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб карда шудааст. 

       

Корхонаҳои нави сементбарорӣ имкон медиҳанд, ки ҳаҷми солонаи истеҳсоли семент то 4,5 миллион тонна ё нисбат ба соли 2000-ум 82 баробар афзуда, дар баробари пурра қонеъ гардонидани талаботи бозори дохилӣ ба ин намуди масолеҳи сохтмон, содироти он низ афзоиш дода шавад.

Моҳи ноябри соли ҷорӣ таҷдиду барқарорсозии навбати аввали корхонаи истеҳсоли нуриҳои азотӣ дар шаҳри Сарбанд бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ дар ҳаҷми 2 миллиарду 900 миллион сомонӣ оғоз шуд, ки навбати аввали он моҳи феврали соли 2018 ба истифода супорида мешавад.

Дар се соли оянда корхона пурра ба кор даромада, 300 ҳазор тонна аммиак, 500 ҳазор тонна карбамид, дар маҷмӯъ, 800 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол хоҳад кард.

Бинобар аҳамияти бузурги соҳаи роҳсозӣ ва нақлиёт имрӯзҳо дар кишвар 19 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 6,5 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

Дар солҳои охир роҳи оҳани Душанбе–Қӯрғонтеппа–Кӯлоб (қитъаи Ваҳдат – Ёвон), роҳҳои мошингарди Душанбе – Турсунзода, Айнӣ – Панҷакент ва Восеъ – Ховалинг ба маблағи умумии наздик ба се миллиард сомонӣ ба истифода дода шуданд.

Инчунин, сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб – Дарвоз (қитъаи Шӯрообод – Шоҳон) ва роҳи Сайрон –Қарамиқ идома дорад.

Соли ҷорӣ корҳои сохтмону таҷдид дар якчанд иншооти нақлиётӣ, аз ҷумла роҳи мошингарди Хуҷанд–Исфара, қитъаи роҳи мошингарди Душанбе – Турсунзода ва беҳтар намудани инфрасохтори фурудгоҳи байналмилалии Душанбе оғоз гардид.

Соли 2017 таҷдиду барқарорсозии роҳҳои мошингарди Душанбе – Қӯрғонтеппа ва қисматҳои алоҳидаи шоҳроҳи Кӯлоб – Дарвоз, Кӯлоб– Шамсиддин Шоҳин ва Шкев – маркази ноҳияи Дарвоз дар назар аст.

Бо мақсади пурра ба меъёрҳои замонавӣ мутобиқ гардонидани роҳҳои мошингард ва дигар инфрасохтори нақлиётӣ ва ба мамлакати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар давраи миёнамуҳлат бо ҷалби сармояи хориҷиву ватанӣ таҷдид ва азнавсозии зиёда аз 2000 километр роҳҳои мошингард пешбинӣ шудааст.

Тавре дар Паёми гузашта таъкид карда будам, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд таъмиру таҷдиди роҳҳои дохилишаҳриву байниноҳиявӣ, байни ҷамоатҳову деҳаҳои дурдаст ва дигар маҳалҳои аҳолинишинро вусъат бахшида, ҳангоми амалӣ намудани сохтмони иншооту биноҳои нав ба риояи талаботи санъати баланди меъморӣ аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.

Рушди бахши хусусӣ, аз ҷумла соҳибкорӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодӣ буда, то имрӯз доир ба тақвияти шарикии давлат бо бахши хусусӣ, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, соддагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ ва танзими фаъолияти иҷозатдиҳӣ корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд.

Тавассути татбиқи ислоҳот фазои мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ фароҳам гардида, шарикии давлат бо бахши хусусӣ густариш пайдо кард ва Тоҷикистон тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ солҳои охир се маротиба ба қатори 10 кишвари ислоҳотгари пешсаф дохил гардид.

Ҳукумати мамлакат барои таъмини рушди минбаъдаи кишвар ва ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақим ҷараёни ислоҳотро дар самти беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ вусъат мебахшад.

Соли 2016 ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ ҳафтуним миллиард сомониро ташкил дод, ки 51 фоизи он сармояи мустақим мебошад.

Ҳоло бо сармояи давлатӣ ва шарикони рушд беш аз 70 лоиҳа дар ҳаҷми 22 миллиард сомонӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва 7 лоиҳа бо ҷалби сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ ба маблағи зиёда аз 11 миллиард сомонӣ барои сохтмону таҷдиди 12 корхонаи саноатӣ амалӣ шуда истодааст.

Қобили зикр аст, ки соҳибкорону сармоягузорон дар татбиқи афзалиятҳои муайянкардаи Ҳукумат, бахусус, доир ба рушди босуботи иқтисодӣ, воридоти технологияҳои ҳозиразамон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши даромади аҳолӣ, инчунин, анҷом додани корҳои созандагӣ ва хайру эҳсонкорӣ фаъолона иштирок мекунанд.

Дар натиҷаи ислоҳот ва тадбирҳои амалигардида шумораи субъектҳои соҳибкорӣ соли 2016 ба 290 ҳазор расонида шуд, ки нисбат ба 5 соли пеш 110 ҳазор зиёд мебошад.

Вале бояд гуфт, ки дар самти фароҳам овардани фазои мусоид барои сармоягузории мустақим ва дастгирии соҳибкорӣ ҳоло ҳам баъзе монеаҳои сунъии маъмурӣ ба назар мерасанд.

Вазъи имрӯзаи фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ бо дарназардошти таъсири омилҳои берунӣ талаб менамояд, ки ба соҳибкорон имтиёзҳои бештар пешниҳод карда шаванд.

Бинобар ин, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо мақсади суръат бахшидан ба раванди саноатикунонӣ, рушди истеҳсолот ва содирот, дар асоси омӯзишу таҳлилҳои ҳаматарафа механизми пешниҳоди дастгирии давлатӣ ва имтиёзҳоро барои истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони молу маҳсулоти ватанӣ вобаста ба андозу гумрук ба сармоягузорон ҷиҳати воридоти таҷҳизоту технологияҳои нав пешниҳод намоянд.

Бо дарназардошти сатҳи баланди ҳамгироии иқтисодиёти кишварамон ба савдои байналмилалӣ ҷиҳати рақобатпазирӣ дар ҷалби сармоя ва бозорҳои молии ҷаҳон, баробар кардани сатҳи андозбандӣ бо шарикони асосии иқтисодиву тиҷоратӣ ва давлатҳои ҳамсоя аҳаммияти муҳим пайдо намудааст.

Аз ин лиҳоз, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки масъалаи мазкурро бо дарназардошти манфиатҳои иқтисодиву молиявӣ ҳаматарафа омӯхта, дар семоҳаи якуми соли 2017 пешниҳоди мушаххас манзур намояд.

Ҳамчунин, барои дастгирии соҳибкорӣ ва рушди бемайлони соҳаи сайёҳӣ аз моҳи январи соли 2017 ҳамаи намудҳои автомашинаҳои наве, ки ба кишвар ворид карда мешаванд, аз андоз ва пардохтҳои гумрукӣ 50 фоиз озод карда шаванд.

Соли гузашта ҷиҳати танзими фаъолияти мақомоти марбута Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” дар таҳрири нав қабул карда шуд.

Вале шумораи зиёди мақомоти санҷишу назорат ва санҷишҳои бемаврид боиси ташвиши соҳибкорон гардидааст.

Бинобар ин, ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода мешавад, ки масъалаи мазкурро ҳаматарафа таҳлил карда, лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро оид ба кам кардани санҷишҳо ва боз ҳам шаффофу содда гардонидани онҳо ба Ҳукумат пешниҳод намоянд.

 



Ба рӯйхат хабарҳо