Баимзорасии «Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати “Крисо Ресурсиз Лимитед” ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Пакрут” оид ба истихроҷи кони “Пакрут”

              Санаи 10 апрели соли 2017 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати “Крисо Ресурсиз Лимитед” ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Пакрут” оид ба истихроҷи кони “Пакрут” ба имзо расид.

Созишномаро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, аз ҷониби  Ширкати “Крисо Ресурсиз Лимитед” ҷаноби Юй Чжунчин ва аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Пакрут” ҷаноби Ли Ююй имзо намуданд.

Тибқи ҳуҷҷати болозикр сармоягузории сохтмон ва истифодабарии кони маъдан, ба роҳ мондани фаъолияти босамари фабрикаи бойгардонӣ (дар марҳилаи якум коркарди маъдан бо иқтидори 660 ҳаз. тонна дар як сол ва дар марҳилаи дуюм низ 660 ҳазор тонна дар як сол), беҳтарсозии инфрасохтори роҳ, иншооти муҳандисӣ ва дигар корҳои вобаста ба ин лоиҳаи сармоягузорӣ иборатро ба сомон расонида, маблағҳои заруриро ҷиҳати амалигардонии ин корҳо ҷудо менамояд.

Дар соли 2016 бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи металлҳои ранга ва Фабрикаи ғанигардонии маъдани ҶДММ «Пакрут» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар корхонаҳои номбурда дар маҷмуъ 775 нафар ба кори доимӣ ҷалб гардидаанд, ки аз ин шумора 564 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ва 211 нафар мутахассис аз Ҷумҳурии мардумии Халқии Хитой мебошанд. Ҳангоми фаъолияти пурраи корхонаҳои мазкур имкон аст, ки наздики 2 ҳазор нафар бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин карда шаванд.

Аз ҷониби ҶДММ «Пакрут» барои пешбурди фаъолияти сармоягузории хеш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 180 млн. доллари амрикоӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардидааст.



Ба рӯйхат хабарҳо