Форуми байналмилалии соҳибкорони ҷавон 2017

              Дар доираи ташаббускориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эълон гардидани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон санаи 13-14 апрели соли 2017 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии соҳибкорони ҷавон таҳти унвони «Ҷавонон -муҳаррики рушди соҳибкории инноватсионӣ» баргузор гардид.

 

Чорабинии мазкур бо ташаббуси Ҳукумати ҷумҳурӣ аз тарафи  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мусоидати Бонки ҷаҳонӣ ташкил карда шуда, дар он намояндагони доираҳои соҳибкорон, аз ҷумла соҳибкорони ҷавон, мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, коршиосон ва донишҷуён иштирок карданд.

Ҳадаф аз чорабинӣ баррасӣ намудани масъалаҳои вусъатбахшии иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, ҳавасмандгардонӣ, рушди нерӯ ва малакаҳои ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ ва муаррифии як қатор чорабиниҳои гуногун оид ба дастгирии соҳибкорӣ миёни ҷавонон  мебошад.

Форум бо суханронии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Солеҳзода Ашурбой оѓоз гардида, қайд карда шуд, ки дар ҷумҳурӣ амалисозии босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз нахустин  рӯзҳои Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ карда шудаанд ва дар натиҷа барои ҳар як фарди ҷавони мамлакат шароитҳои мусоид ва муносиби рушду такомулёбӣ ва фаъолияти созанда фароҳам оварда шуд.

Ҳамчунин қайд карда шуд, ки зери роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият намудани Шӯрои миллии кор бо ҷавонон намунаи олии эътимоду боварии роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба ҷавонони кишвар буда, ин тадбир имкон медиҳад, ки пешниҳодоти ҷавонон ҳарчӣ бештар дастгирӣ ёбад, мушкилоти онҳо сари вақт баррасӣ карда шавад ва роҳу усулҳои дастгирии минбаъдаи ҷавонон боз ҳам вусъат бахшида шавад.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идори амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Файзиддин Қаҳҳорзода иштирокчиёни Форумро хайрамақдам гуфта, иштироки фаъолонаи ҷавононон ва саҳми назарраси онҳоро дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, аз ҷумла бунёди корхонаю коргоҳҳои хурду миёна, муассисаҳои варзишиву фароғатӣ, марказҳои омӯзишӣ ва соҳибкорӣ назаррас арзёбӣ кард.

Қайд карда шуд, ки тибқи маълумотҳои оморӣ айни замон 54%-и аҳолии ҷумҳуриро ҷавонони то 24-сола ва аз 189 ҳазор соҳибкори инфиродӣ 51 ҳазор нафари онҳоро ҷавонон ташкил дода, ба рушди соҳибкории ҷавонон ҳамасола маблағҳои қарзӣ ва грантҳо ҷудо карда мешаванд.

Ҷавонони тоҷик дар рушду таҳкими тадқиқотҳои илмиву ихтироот низ ширкати фаъолона намуда, дар рушди иқтисодиёти дар асоси технологияи муосиру  инноватсионӣ фаъолияткунанда нақши босазо доранд.

То семоҳаи аввали соли 2017 дар ҷумҳурӣ 64 нафар ба рӯйхати навоварони наврас ва ҷавони аз 10 то 31-сола  ва 41 нафар ба рӯйхати ихтироъкорони ҷавони то 35 сола ворид карда шуда, навоварӣ ва ихтирооти худро пешниҳод намуданд. Боиси қайд аст, ки ин раванд мунтазам густариш ёфта истодааст.

Дар Форум Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳтам Абдуллозода, Ҳамраиси Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, Роҳбари Бонки рушди Олмон, хонум Кристин Лаабс, Директори генералии ширкати ватанӣ “Ай эм диферент“, Фарҳод Ҳамидов ва дигарон баромад намуда, иштирокчиён атрофи масъалаҳои пушди соҳибкорӣ миёни ҷавонон, имкониятҳо ва монеаҳо дар фаъолияти соҳибкории ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибкорӣ ҳамчун омили сулҳу субот, пешрафт ва ноилшавӣ ба муваффақиятҳо дар соҳибкорӣ миёни ҷавонон мубодилаи афкор намуданд.

Дар фарҷом лоиҳаҳои беҳтарини тиҷоратӣ аз ҷонибиғолибони озмун ба самъи иштирокчиён  муаррифӣ карда шуда,ғолибон бо ҷоизаҳо сарфароз гардонида шуданд.



Ба рӯйхат хабарҳо