Бизнес-Форуми Соҳибкорони Тоҷикистону Узбекистон

           Имрӯз, 19 апрели соли 2017 дар Муасиссаи давлатии  “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бизнес форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон  баргузор карда шуд.

Дар муносиботи муосири байнидавлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор намудани Бизнес форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон  ба роҳандозии робитаҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ, ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои барои тарафайн судманд, густариши минбаъдаи ҳамкории ҳамаҷониба ва гуногунҷанба миёни давлатҳо мусоидат мекунад.

Бизнес-форуми доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Узбекистон аз ҷониби Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид ифтитоҳ гардида, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Чумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкорону сармоягузорони ҳарду ҷонибро хайрамақдам намуд.

Дар чорабинӣ асосан намояндагони бахши хусусии ҳардуҷониб иштирок намуда, имкониятҳои Тоҷикистону Узбекистонро соҳибкорону сармоягузорони бахшҳои мухталифи иқтисодии соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, дорусозӣ ва саёҳӣ ва ғайра муаррифӣ намуданд.

Мақсади баргузории Форуми мазкур, ин мустаҳкам намудани ҳамкориҳои судманди тиҷоратӣ байни ду кишвар, ҷалби сармоя ва дарёфти шарикон, муҳокимаи масъалаҳои мавҷудаи ҳамкорӣ дар раванди соҳаҳои афзалиятнок мебошад.

Бояд қайд намуд, ки робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Узбекистон дар асоси анъанаҳои неки дӯстиву ҳамсоягӣ таърихи қадима дошта, бо эътимод ва эҳтироми мутақобилаи даврони истиқлолият 25 сол муқаддам оғоз гардидааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷумҳурии Узбекистонро ба сифати шарики боэътимод эътироф карда, аз сатҳи имрӯзаи ҳамкориҳои дуҷониба қаноатманд мебошад.

Тибқи нақшаи Форум вохӯриҳои мустақим ва дуҷонибаи байни соҳибкорони  Тоҷикистону Узбекистон баргузор гардид, ки дар ҷараёни он масъалаҳои гуногуни имкониятҳои иқтисодии ҳарду кишвар баррасӣ шуданд.



Ба рӯйхат хабарҳо