Вохӯрии Раиси Кумита ва Сафири Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 11 майи соли 2017, вохӯрии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Сафири Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Хаджимэ Китаока, баргузор гардид.

Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Япония баррасӣ шуда, ҷиҳати тақвияти ҳамкории мутақобилан судманд, аз ҷумла дар самти ҷалби сармоягузорӣ, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, баргузор намудани бизнес форуми соҳибкорон ва дигар масъалаҳо табодули афкор анҷом дода шуд.



Ба рӯйхат хабарҳо