Ҷаласаи шашуми Гурӯҳи корӣ оид ба рушди соҳибкории занон

              16 майи соли 2017 дар толори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи шашуми Гурӯҳи корӣ оид ба рушди соҳибкории занон доир гардид.

Дар ҷаласа аъзои Гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони мақомоти давлатӣ, шарикони рушд ва бахши хусусӣ, аз ҷумла занони соҳибкори ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Ҷаласаро Роҳбари Гурӯҳи корӣ, Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Нигина Анварӣ ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки аъзои Гуруҳи корӣ имруз бо мақсади баррасии лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Гуруҳи корӣ барои солҳои 2017-2018, масъалаи таҳияи методология ва такмили омори гендерии соҳибкорӣ, мусоидат ба рушди ҳунармандӣ ва дастгирии он ҷамъ омадаанд.

Вобаста ба масъалаҳои рузномаи ҷаласа мушовири иқтисодии Котиботи Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ - Маҷонова Манучеҳра, Сардори Шуъбаи «Равзанаи ягона»-оид ба бақайдгирии давлатии субъектҳои соҳибкории Агентии омор – Нигина Раҷабова ва мушовири иқтисодии Котиботи Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ –Абдурауф Ҷураев баромад намуданд.

            Дар муҳокимарониҳо оид ба масъалаҳои рузномаи ҷаласа намояндагони бахши давлатӣ, шарикони рушд ва бахши хусусӣ, аз ҷумла Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон – Лола Салимова, роҳбари АМСХМ - Матлюба Улчабаева, роҳбари АМЗС “Кадбону” – С. Раҳимзода, мушовири СММ-занон – В. Мирзоева, Менеджери барномавии СММ-занон – Зайтунбибӣ Наимова ва Сардори Шуъбаи «Равзанаи ягона»-оид ба бақайдгирии давлатии субъектҳои соҳибкории Агентии омор – Нигина Раҷабова фаъолона иштирок намуданд.

            Натиҷаи муҳокимаҳо аз ҷониби муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нигина Анварӣ ҷамъбаст гардида, қарорҳои мувофиқ қабул карда шуданд.

 

            Барои маълумоти иловагӣ метавонед ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо телефони +992 -372 21 26 20  муроҷиат намуда, ба сомонаи мо ташриф оред: www.gki.tj ва линки http://cc.ehost.tj/woman/index.php



Ба рӯйхат хабарҳо