Тафсири фазои соҳибкорӣ

Маълумоти умумӣ
Тафсири иқтисодӣ
Инфрасохтор
Тафсири фазои соҳибкорӣ
Тафсири фазои сармоягузорӣ ва преференсияҳо ҷиҳати ҷалби сармояҳо
Тафсири лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ татбиқ карда мешаванд

  

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои ҳисоботи Бонки Умумиҷаҳонӣ «Пешбурди тиҷорат» аз байни 183 давлати дунё, ҳамчун яке аз давлатҳои даҳгонаи ислоҳотгар эътироф гаштааст. Беҳбудиҳои мазкур бо шарофати ташаббус ва иродаи сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кори мураттаби мақомотҳои давлатӣ ва фаъолияти мақсадноки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмиллалӣ ва намояндагони бахши хусусӣ амалӣ гаштааст. Бо мақсади беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Тоҷикистон дар ҳисоботи байналмиллалии «Пешбурди тиҷорат», ва баланд намудани ҷолибнокии иқлими сармоягузорӣ, аз ҷониби Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ Барномаи татбиқӣ чорабиниҳои воқеӣ оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳо дар рейтингҳои байналмиллалӣ таҳия ва тасдиқ гардида буд. Ҳамзамон, 2 июни соли 2009 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи «Беҳбудии фазои соҳибкорӣ – 200 рӯзи ислоҳот», ҳамзамон бо мақсади ислоҳоти қонунгузорӣ, ки соҳаи соҳибкориро ба танзим медарорад ва беҳтар намудани ҷолибнокии фазои сармоягузории ҷумҳурӣ қабуд гардид. Дар натиҷаи татбиқи ислоҳотҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2009 ситемаи ягонаи бақайдгирии соҳибкорӣ тавассути усули «Равзанаи ягона» ҷорӣ карда щуд, ки тавассути он соҳибкорон метавонанд ба як мақомот муроҷиат намуда, фаъолияти соҳибкории худро ба қайд гиранд; анҷомдиҳии фаъолияти соҳибкорӣ низ дар натиҷаи татбиқи ислоҳотҳо дар самти муфлисгардонӣ мутаносибан содда карда шуд; ҳуқуқҳои саҳомони миноритарӣ (хурд) тавассути беҳтар намудани қонунгузорӣ дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ мутаносибан хубтар гардид, ки ин ба бештар намудани интиқоли сармояи хориҷӣ ва дохилӣ ба иқтисодиёти мамлакат равона карда шудааст; тартиби гирифтани иҷозатҳо барои фаъолияти сохтмонӣ нисбатан содда карда шуд, ки ин ба оғози сохтмонҳои бузург дар мамлагат сурат бахшида, боисӣ болоравии рушди соҳа дар сатҳи сифатан нав оварда расонид.

Ислоҳотҳо дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ идома дошта, таҳти таваҷуҳи қатъии Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва бо дастгирии ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ амалӣ гашта истодаанд.

Ҳадафи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рушди иқтисодиёти гуногунҷабҳаи дорои тамоюлоти содиротӣ, аз ҳисоби рушди соҳаҳои воқеӣ ва бештар намудани ҳиссаи бахши хусусӣ дар иқтисодиёти мамлакат мебошад.  Сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин кафолати тарақиёти муваффақ ва дастрасӣ ба бозорҳои нави Осиёӣ мебошад.