Реструктуризатсия

Реструктуризатсия – ин маҷмўи чорабиниҳо дар хусуси мутобиқ намудани фаъолияти корхона ба талаботи таѓйирёбандаи бозор мебошад ва ин амал мукаммалсозии сохтори идоракунӣ, бахши молиявӣ, иқтисодӣ, комплекси истеҳсолӣхоҷагидорӣ ва иқтидори кадрҳоро дар бар мегирад.

Реструктуризатсияи стратегии корпоративӣ, яъне ба васеъ кардани доираи амал, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти худ, зиёд намудани бозори мавҷудаи мол ва аз худ намудани бозорҳои нав, афзоиши арзиши капитали худӣ ва ба меъёри зарурӣ овардани сохтори ташкилии корхона равона мегардад

Асосан механизмҳои маъмулии гузаронидани реструктуризатсия аз инҳо иборат мебошанд:

  • барҳамдиҳии истеҳсолоти бесамар,
  • озод кардани корхона аз нигоҳ доштани объектҳои иҷтимоӣ ва соҳаи ѓайри истеҳсолӣ,
  • тақсим намудани комплекси амвол ба корхонаҳои алоҳида, ташкили фаръҳо ва ҷамъиятҳои тобеъ,
  • фурўш, ба иҷора додан, ба гарав мондан ва ихтисор, яъне аз баланс соқит намудани активҳои истифоданашавандаи кўҳна,
  • аз нав баҳодиҳии воситаҳои асосӣ,
  • сармоягузорӣ намудан,
  • иҷора ва лизинги таҷҳизоти нав, воридоти технологияи муосир,
  • фурўш ва ба иҷора додани биноҳои истифоданашаванда,
  • назорати қатъӣ аз рўи баргардонидан ва ба танзим даровардани қарзҳои дебиторӣ ва кредиторӣ,
  • додани корхона ба консессия,
  • ташкили ҷамъиятҳои саҳомӣ,
  • хусусигардонӣ аз рўи лоиҳаҳои инфиродӣ.

Бо мақсади татбиқ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ноябри соли 2003, №486 "Дар бораи Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаю калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 20032013" ва инчунин оиди иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2005, №125 «Дар бораи чораҳои тезонидани рафти реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон» аз тарафи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои мушаххас ба аҷом расонида шудааст.

Бо мақсади гузаронидани реструктуризатсияи соҳаҳо, тезонидани ҷараёни хусусигардонӣ ва ҷалби бештари сармоягузориҳо ба иқтисодиёти кишвар, инчунин ҷиҳати иҷрои Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаю калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 20032013 бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаҳои инфиродии реструктуризатсияи корхонаҳои зерин тасдиқ гардидаанд:

  • Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком»
  • Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Телерадиоком»
  • Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Тоҷикхимпром»
  • Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксемент»
  • Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр»
  • Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикгаз»
  • Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»
  • Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик»
  • Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик»

Айни замон, корҳо дар самти таҷдиди ҶСК «Тоҷиктелеком», ҶСК «Тоҷиктрансгаз», КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон», ШСХК «Барқи Тоҷик» ва КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» идома доранд.