Хусусигардонӣ

 

Хусусигардонӣ - фаъолиятест, ки аз тарафи давлат мувофиқи тартиби муқарраршуда оиди додани ҳуқуқи моликият ба шахсони ҳуқуқи ва воқеи анҷом дода мешавад.

Моҳияти асосии ислоҳоти иқтисодӣ аз хусусигардонии моликияти давлатӣ ва ташаккули шаклҳои гуногуни моликият ибтидо мегирад. Муҳимтарин марҳилаи давраи гузариш ба иқтисоди бозорӣ хусусигардонии моликияти давлатӣ мебошад.

Сиёсати ягонаи Ҳукумати мамлакат дар соҳаи хусусигардонии моликияти давлатӣ аз аввалин рӯзҳои солҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон оғоз гардида, то имрӯз идома дорад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғайридавлатикунонӣ ва хусусигардонии моликияти давлатӣ» барои амалӣ шудани ислоҳоти иқтисодӣ замина гузошт. Дар маҷмӯъ боз як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки ин равандро ба маҷрои тоза ворид намуданд.

Аввал Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моликият», сипас Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғайридавлатикунонӣ ва хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонун Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» ва Нақшаи стратегии хусусигардонии корхонаҳои миёнаю калон, реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои махсусан калон барои солҳои 2003-2013, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ноябри соли 2003 №486 тасдиқ гардидааст, гуногуншаклии моликиятро дар ҷомеаи мо чун яке аз заминаҳои фаъолият намудани иқтисоди бозорӣ тасдиқ намуд.

Хусусигардонӣ барои гузаштан ба иқтисодиёти омехта замина тайёр карда, барои тараққиёти шаклҳои гуногуни соҳибкорӣ шароитҳои мусоид фароҳам меорад. Ба дасти соҳибкорон, шахсони алоҳидаи кордону меҳнатдӯст додани моликият метавонад боиси солимгардии иқтисодиёт гардад. Хусусигардонии моликият барои васеъ ҷалб намудани сармоягузорони дохиливу хориҷӣ шароит фароҳам меорад.

Вобаста ба мақсад ва вазифаҳои гузошташуда хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила гузаронида шудааст.

Агар дар давраи аввал асосан ба хусусигардонии хурд - корхонаҳои соҳаҳои савдо, хӯроки умумӣ, хизмати маишӣ ва воситаҳои нақлиётӣ диққат дода мешуд, пас вазифаи асосии хусусигардонӣ дар давраи имрӯза аз таҷдиди корхонаҳои калон ва миёнаи cоҳаи саноат, нақлиёт, алоқа ва сохтмон иборат мебошад.

Дар ин соҳаҳо шакли асосии хусусигардонӣ дар навбати аввал аз табдилдиҳии объектҳои давлатӣ ба ҷамъиятҳои саҳомии шакли кушода ва минбаъд фурухтани саҳмияҳои онҳо дар музоядаҳо ва тендерҳо иборат мебошад.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит намудааст, ки идоракунии хусусӣ нисбат ба идоракунии давлатӣ самарабахштар аст. Соҳибкорони хусусӣ бештар уҳдабароянд, сиёсати онҳо бештар оммавист, онҳо ба осонӣ бозорҳои нави фурўш ва манбаъҳои нави ашёро пайдо мекунанд.

Дар давраи солҳои 1991-2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 11410 адад иншоотҳои хурд ва 1367 адад корхонаҳои миёнаю калон хусусӣ гардонида шудааст.

Бо мақсади идома додани ислоҳоти иқтисодию татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти хусусигардонӣ ва ғайридавлатикунонии моликияти давлатӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2013 №557 Барномаи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016 қабул гардид.

Барномаи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016 чорабиниҳо ва вазифаҳои асосии раванди хусусигардониро муайян намуда, ҷиҳати рушди бахши хусусӣ, густариши соҳибкорӣ, ҷалби бештари сармоягузорӣ ба иқтисодиёти кишвар, таъсиси шаклҳои замонавии хоҷагидорӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани истифодабарии самараноки воситаҳои асосӣ ва дороиҳои давлатӣ равона гардидааст.

Тибқи замимаҳои 1, 2 ва 3 Барномаи мазкур татбиқи хусусигардонӣ тавассути фурўши саҳмияҳои давлатӣ мувофиқан тариқи музоядаҳо, тендерҳо ва тибқи лоиҳаҳои инфиродии хусусигардонӣ муайян шуда, ҳамагӣ хусусигардонии бастаҳои саҳмияҳои давлатӣ дар 59 адад ҷамъиятҳои саҳомии кушода пешбинӣ карда шудааст.

Мувофиқи замимаи 1 Барнома фурўши бастаҳои саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи 31 адад ҷамъиятҳои саҳомӣ тавассути музояда пешбинӣ гардидааст. Айни замон, бастаҳои 100 фоиз саҳмияҳои 24 адад ҷамъиятҳои саҳомии кушода тавассути музояда ба фурўш пешниҳод карда шудаанд.

Мувофиқи замимаи 2 Барнома фурўши бастаҳои саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи 25 адад ҷамъиятҳои саҳомӣ тариқи тендерҳои сармоягузорӣ пешбинӣ гардидааст. Айни замон, бастаҳои 100 фоизи саҳмияҳои 5 адад ҷамъиятҳои саҳомии кушода тариқи тендерҳои сармоягузорӣ ба фурўш пешниҳод карда шудаанд.

Мувофиқи замимаи 3 Барнома фурўши бастаҳои саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи 3 адад ҷамъиятҳои саҳомӣ тибқи лоиҳаҳои инфиродии хусусигардонӣ пешбинӣ гардидааст, ки то имрўз бастаи саҳмияҳои як адад ҷамъияти саҳомӣ тавассути лоиҳаи инфиродии хусусигардонӣ фурўхта шудааст.

Тибқи замимаи 4 Барнома ба ҷамъиятҳои саҳомии кушода табдил додани 84 адад корхонаҳои давлатии соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз аввали татбиқи Барнома дар заминаи корхонаҳои замимаи мазкур 46 адад ҷамъиятҳои саҳомии кушода таъсис дода шудаанд.