Ғайра

ДАР БОРАИ РАЁСАТИ МОЛИКИЯТИ ДАВЛАТӢ

 Раёсати моликияти давлатӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 №590 «Дар бораи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил буда, дар ҳайати он 2 шуъба фаъолият менамоянд:

1.    Шуъбаи моликияти давлатӣ.
2.    Шуъбаи муносибатҳои амволии хориҷӣ ва маҳаллӣ.

Фаъолияти Раёсати моликияти давлатӣ асосан дар самти иҷрои вазифаҳои зерин ба роҳ монда шудааст:
1. Назорати ҳолати нигоҳдорӣ ва самаранок истифодабарии моликияти давлатӣ дар қаламрави кишвар;
2. Таҳияи лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба самти фаъолияти Раёсат.
3. Баррасии масъалаҳои вобаста ба истифодабарии амволи давлатӣ, аз ҷумла тибқи тартиби муқарраргардида аз эътибор соқит намудани воситаҳои асосии давлатӣ, гузаронидани амволи давлатӣ аз тавозуни як корхонаю ташкилоти давлатӣ ба тавозуни корхонаю ташкилоти давлатии дигар;
4. Иштирок дар корҳои азнавташкилдиҳӣ, муфлисшавӣ ва барҳамдиҳии корхонаю ташкилотҳои давлатӣ;
5. Ташкили корҳо оид ба пешбурди баҳисобгирии моликияти давлатӣ;
6. Ҳифзи ҳуқуқҳои амволӣ ва истифодаи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохил ва хориҷӣ кишвар;
7. Баррасии масъалаҳои амволии давлатҳои дигар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
8. Назорати корҳо оид ба иҷораи консессионӣ супоридан, ба гарав гузоштан ва ба реҷаи консерватсия гузаронидани моликияти давлатӣ;
9. Баррасии ҳуҷҷатҳои воситаҳои асосии аз тарафи мақомотҳои давлатӣ ва корхонаю ташкилотҳои ҷумҳурӣ барои аз эътибор соқит намудан пешниҳод гардида;
10. Иштирок дар кори комиссияҳои супоридани моликияти давлатӣ;
11. Баррасии ҳуҷҷатҳои вобаста ба хусусигардонии фонди манзили давлатии дар баланси корхонаю муассисаҳо, идораю ташкилотҳо қарордошта;
12. Иштирок дар ташкили семинар ва машваратҳо дар масъалаи истифодабарӣ ва хусусигардонии моликияти давлатӣ;
13. Ҳамоҳангсозии фаъолияти Кумита бо мақомоти маҳаллии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар самти хусусигардонӣ ва истифодабарии моликияти давлатӣ.