Расмиёт

Расмиёт

Музояда 

Тендерҳо

 

Низомнома дар бораи тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар ауксион ва тендерҳо, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2004 №98 тасдиқ карда шуда, тартиб, қоида ва шартҳои фурӯши объектҳои моликияти давлатиро (ҷумҳуриявӣ ва коммуналӣ) дар тендерҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ муқаррар менамояд.

Дар тендер шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии резидентӣ ва ғайрирезидентии бо тартиби муайяннамудаи Низомномаи мазкур ба қайд гирифташуда, ба ғайр аз шахсони дар банди 9 Низомнома нишон додашуда, иштирок карда метавонанд.

Ба қайд гирифтани ҳуҷҷатҳои тендерии аризадиҳандагон аз рӯзи чоп гардидани ахбори иттилоотӣ оғоз ёфта, дар мӯҳлатҳои дар ахбори иттилоотӣ нишон додашуда ба охир мерасад. Ҳангоми қабули ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва гузаронидани конференсия фурӯшанда ҳуқуқ надорад, ки дар бораи шахсият ва ё шахсоне, ки онҳо намояндагӣ менамоянд, маълумот талаб намояд.