Стандартҳои баҳодиҳии амволи давлатӣ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқии муносибатҳоеро, ки ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) бо мақсади муқаррар намудани арзиши бозорӣ ё арзиши дигари объектҳои баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) ба миён меоянд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) ба танзим медарорад.

Тибқи ин Қонун фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) ин фаъолияти соҳибкорие мебошад, ки аз ҷониби субъектҳои фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) барои муайян намудани арзиши бозорӣ ва ё арзиши дигари объектҳои баҳодиҳӣ (нархгузорӣ) дар санаи муқарраргардида анҷом дода мешавад.

Нархгузор шахси воқеӣ ва ҳуқуқие мебошад, ки барои амалӣ гардонидани фаъолияти нархгузорӣ иҷозатнома дорад.

Фармоишгар шахси воқеӣ ва ҳуқуқие, ки аз хизмати нархгузор истифода мебарад.

Беғаразӣ, воқеият, боэътимодӣ, босалоҳиятӣ ва шаффофият принсипҳои асосии фаъолияти нархгузорӣ баҳисоб мераванд.

Намудҳои нархгузории объектҳои нархгузорӣ инҳоянд:
-нархгузории ҳатмӣ ва нархгузории ташаббусӣ.

Нархгузории ҳатмӣ ҳангоми ба муомилот баровардани объектҳои нархгузории зерин ба амал бароварда мешавад:
-ҳангоми муайян намудани арзиши объекти нархгузорӣ дар ҳолатихусусигардонӣ, ба иҷора додан, ба идоракунии боваринок супоридан;
-ҳангоми фурӯш ва ё бо тарзи дигар бегона намудани объекти нархгузорӣ;
-ҳангоми гузашт кардани ӯҳдадории қарзии ба объекти нархгузорӣ тааллуқдошта;
-ҳангоми супоридани объекти нархгузорӣ ҳамчун ҳисса ба сармояи оинномавии шахсони ҳуқуқӣ, аз он ҷумла шахсони ҳуқуқӣ бо иштироки сармояи хориҷӣ;
-ҳангоми муайян кардани арзиши ибтидоӣ барои музоядаҳо, озмунҳо оид ба фурӯши объектҳои нархгузорӣ;
-ҳангоми муайян намудани иҷорапулӣ барои имзои шартномаи иҷораи объектҳои нархгузорие, ки амволи давлатӣ мебошанд;
-ҳангоми муайян намудани зарари объектҳои сугурташудаи ҳуқуқҳои гражданӣ бар асари фаро расидани ҳолати сугуртавӣ, дар ҳолати сугуртаи ҳатмии объекти нархгузорӣ;
-ҳангоми пайдоиши баҳс оид ба арзиши объекти нархгузорӣ, аз ҷумла ҳангоми милликунонии амвол;
-ҳангоми пайдоиши баҳс оид ба андозаи арзиши иншооти ба гаравгузошташуда (иншооти ипотека) дар мавриди қарзгирии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тавассути багаравмонии моликияти гайриманқул (ипотека);
-ҳангоми тартиб додани шартномаи никоҳ ва тақсими амволи зану шавҳари ҷудошаванда бо талаби яке аз тарафҳо, ё ҳар ду тараф дар мавриди пайдоиши баҳс оид ба арзиши ин амвол;
-ҳангоми харидории амвол барои эҳтиёҷоти давлатӣ;
-ҳангоми мусодираи амвол ба манфиати давлат тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-ҳангоми нархгузории объекти нархгузорӣ бо мақсади назорати дурусти пардохти андозҳо дар мавриди пайдоиши баҳс дар бораи ҳисоб намудани заминаи андозбандӣ.

Нархгузории ташаббусӣ дар асоси дархости фармоишгар дар бораи нархгузории ҳар як объекти ба фармоишгар тааллуқдошта гузаронида мешавад.

Нархи тамоми намудҳои амволи давлатие, ки хусусӣ гардонида мешаванд ва бо мақсади хариди минбаъда ба иҷора дода шудаанд, тибқи Дастуруламал оид ба муайян намудани арзиши объектҳое, ки хусусӣ гардонида мешаванд, амалӣ мегардад.

Нархи ибтидоии корхонҳо ҳамчун комплекси амвол ва нархи воҳиди корхона танҳо дар асоси маълумоти тавозуни корхона ва замимаи ҳатмии руйхати такмилдодашудаи воситаҳои асосӣ (биноҳо, иншоот, воситаҳои интиқол, дастгоҳ ва таҷҳизот, техникаи ҳисоббарор, воситаҳои нақлиёт) муайян карда мешавад. Тавозуни корхона, ки онро мақоми андоз тасдиқ кардааст ва руйхати такмилдодашудаи воситаҳои асосӣ дар рӯзи қабули қарор оид ба хусусигардонӣ аз тарафи корхонаҳо ба Корхонаи воҳидии давлатӣ оид ба нархгузорӣ ё дигар ташкилоти барои гузаронидани чунин корҳо лицензиядошта пешниҳод мегардад.

Муайян кардани нархи ибтидоии амволи корхона аз рӯи арзиши боқимонда бо роҳи кам кардани арзиши баланси барқарорсозӣ ба андозаи фарсудагие, ки мувофиқи маълумоти ҳисоби бухгалтерӣ дар лаҳзаи арзьёбӣ муайян карда шудааст, бо дарназардошти андозаи кӯҳнагии воситаҳо ва мӯҳлати истифодаи онҳо, ки мувофиқи афзоиши арзиши фондҳои асосӣ тагйир ёфтааст, сурат мегирад.

Ба объектҳои сохтмони нотамом ва таҷҳизоти насбнашуда баъди мавҷудии (инвентаризация) онҳо аз рӯи арзиши балансӣ (бе истифодаи коэффициенти ҳисоби арзиши балансӣ барои барқарорсозӣ) нарх гузошта мешавад.

Воситаҳои нақлиётии 100% фарсудашуда ба 25% арзиши балансӣ (барқарорсозӣ) арзёбӣ карда мешаванд.

Ҳамаи воситаҳои асосии боқимондаи дигар бо фарсудашавии 100% ба 10% арзиши балансӣ барқарорсозӣ арзьёбӣ карда мешаванд.

Нархи ибтидоии маҷмӯи саҳмияҳои давлатӣ мутлақан дар асоси маълумоти баланси бухгалтерӣ дар санаи охирини ҳисоботи пеш аз қабули қарор дар хусуси ба савдо гузоштани маҷмӯи сахмияҳо бо замимаи ҳатмии рӯйхати такмилдодашудаи воситаҳои асосӣ (биноҳо, иншоот, воситаҳои интиқолӣ, дастгоҳҳо ва таҷҳизот, техникаи ҳисоббарор, воситаҳои нақлиёт) муайян карда мешавад. Баланси корхона, ки аз тарафи мақомоти андоз тасдиқ гаштааст ва рӯйхати такмилдодашудаи воситаҳои асосӣ аз тарафи корхона дар рӯзи қабули қарор оид ба хусусигардонӣ, ба КВД оид ба нархгузорӣ пешниҳод мегардад.

Арзиши умумии саҳмияҳои ҷамъияти саҳомӣ аз рӯи формулаи зерин муайян карда мешавад:
РСА = А - РП - СС, яъне:
РСА - арзиши ҳисобии саҳмия,
А - дороии ҷамъияти саҳомӣ,
РП - ҳисоббаробаркуниҳо ва пассивҳои дигар.
СС - арзиши объектҳои соҳаи иҷтимоӣ
РСА бояд аз сифр зиёд бошад.

Нархи ниҳоии объектҳои моликияти давлатӣ дар ҷараёни савдои музоядавию озмунӣ муқаррар мегардад ва метавонад аз нархи ибтидоӣ зиёдтар ё камтар бошад.

Асос барои нархгузории объекти нархгузорӣ шартнома оид ба нархгузории байни нархгузор ва фармоишгар мебошад. 

Мувофиқи шартнома оид ба нархгузорӣ нархгузор ӯҳдадор мешавад, ки барои муаррар намудани арзиши бозорӣ ё арзиши дигари объектҳои нархгузорӣ хизмат расонад, фармоишгар бошад ӯҳдадор аст, ки ҳаққи ин хизматро пардозад.

Саривақт ба тарзи хаттӣ тартиб додан ва ба фармоишгар супоридани ҳисоботи нархгузорӣ аз тарафи нархгузор ба таври мувофиқ иҷро кардани вазифаҳояш мебошад, ки онҳо тибқи созишнома ба зиммаи ӯ гузошта шудаанд.

Ҳисоботи нархгузорӣ набояд ба маънидоди гуногун роҳ диҳад ё ба иштибоҳ андозад.

Нархгузор ҳуқуқ дорад:

 

-мустақилона тарзҳои нархгузории объекти нархгузориро мувофиқи тартиби ягонаи нархгузорӣ истифода намояд;

 

-ҳангоми нархгузории ҳатмии объекти нархгузорӣ аз фармоишгар таъмини дастрасии ҳатми пурраи санадҳои барои иҷрои ин нархгузорӣ даркориро талаб намояд.