Форуми «Сочи-2015»

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саҳми тамоми соҳибкорони ҷумҳури мерасонад, ки аз 1 то 4-уми октябри соли 2015 дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия Форуми байналмилалии сармоягузорӣ таҳти унвони «Сочи-2015» баргузор мегардад.

Дар ин чорабинӣ иштирокчиён имконияти муаррифӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва пайдо намудани шарикони тиҷоратиро доранд.

Бинобар ин шахсоне, ки хоҳиши иштирок дар ин форумро доранд метавонанд ба тел: 221-15-07, 22187-33 дар тамос шаванд.

Маълумоти иловагиро оид ба шароитҳои иштирок дар форум метавонед аз сомонаи www.forumkuban.ru дастрас намоед.

 



Ба рӯйхат рӯдодҳо