Форуми Байналмилалии соҳибкорони ҷавон-2017

             Бо ташаббуси  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 Соли ҷавонон эълон гардида, бахшида ба ин муносибат дар кишварамон мунтазам чорабиниҳои минтақавӣ, ҷумҳуриявию байналмилалӣ   баргузор  мегардад.

Чунин як чорабинии муҳим-Форуми байналмилалии соҳибкорони ҷавон таҳти унвони «Ҷавонон - муҳаррики рушди соҳибкории инноватсионӣ» аз тарафи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 13-14 апрели соли 2017 дар шаҳри Душанбе доир хоҳад гардид, ки ҳадаф аз он баррасӣ намудани масъалаҳои вусъатбахшии раванди иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар байни ҷавонон, баланд бардоштани нерӯ ва малакаҳои соҳибкорони ҷавон, муаррифии як қатор лоиҳаҳои инноватсионаии ҷавонон мебошад.

Дар кори Форум намояндагони доираҳои соҳибкорон, аз ҷумла соҳибкорони ҷавон, мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, коршиносон ва донишҷуён иштирок намуда, атрофи масъалаҳои фаъолияти соҳибкории ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушкилот, монеаҳои дар самти мазкур мавҷудбуда, имкониятҳо, ноилшавӣ ба муваффақиятҳо дар бизнес миёни ҷавонон ва ғайра мубодилаи афкор сурат хоҳад гирифт.

Қобили зикр аст, ки дар ҷумҳурии мо сиёсати давлатии ҷавонон, бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ карда шуда, ҳамзамон, саҳми ҷавонон дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, аз ҷумла бунёди корхонаю коргоҳҳои хурду миёна ва муассисаю  марказҳои соҳибкорӣ мунтазам вусъат меёбад.

Дар ин ҳамоиш як қатор лоиҳаҳои инноватсионаии ҷавонон муаррифӣ ва ғолибон бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда хоҳанд шуд.



Ба рӯйхат рӯдодҳо