Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ

                                                                           

 

Таваҷҷӯҳ!  

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ  

Ҷалби бештари сармоягузориҳо ва рушди соҳибкорӣ тавассути беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва мутобиқ намудани онҳо ба меъёрҳои байналмилалӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодиву иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии мамлакат иброз доштанд, “бо мақсади беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ҷалби сармоя ва дастгирии бахши хусусӣ, инчунин пурзӯр намудани кафолату уҳдадориҳои сармоягузорон моро зарур аст, ки бо дарназардошти риояи стандартҳои байналмилалӣ оид ба такмили низоми қонунгузорӣ ва механизмҳои байналмилалии кафолати сармоя ва созишномаҳои сармоягузорӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ кунем”.

Давом...

 

 


 

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ

Макони баргузорӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, Душанбе

14-15 октябри соли 2014

 

 

КОНСЕПСИЯИ

мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ ва Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Душанбе-2014

«Соҳибкорӣ –муҳаррики иқтисодиёт»

 

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ бо ташаббус ва супориши Сарвари давлат, Раиси Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар ҷаласаи 13-уми Шӯрои машваратӣ аз 30 майи соли 2014 гузаронида мешавад.

Дар замони муосир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инфрасохтор, энергетика, саноат, фаъолияти бонкӣ, молия ва кишоварзӣ аз ҷумлаи соҳаҳое мебошанд, ки ба онҳо аксарияти сармоягузориҳои хориҷӣ ҷалб карда мешаванд. Дар бахши сайёҳӣ низ имкониятҳо ва иқтидори васеи рушд муайян карда шудаанд.

Давом...

 


 

ХАДАМОТИ МАТБУОТИИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

КУМИТАИ ДАВЛАТИИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА ИДОРАИ АМВОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ИТТИЛОИЯ

оид ба мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон ва сармоягузорон

Имрӯз, 14 октябри соли 2014 дар Маҷмааи давлатии Кохи Борбади шаҳри Душанбе мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон ва сармоягузорон доир гардид.

Дар чорабинии мазкур, ки таҳти ҳамоҳангсозии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд, зиёда аз 2 ҳазор нафар соҳибкорон ва сармоягузорони ватанию бурунмарзӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, бонкҳои ҷумҳурӣ, ҷамъиятҳои хоҷагидор, олимону коршиносони варзида, роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ иштирок намуданд.

Давом...

 


 

Суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дармулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорон

Мулоқоти мову шумо дар соли таҷлили 23-юмин солгарди истиқлолияти давлатии Ватани азизамон ва 20-умин солгарди қабули Конститутсияи кишвар баргузор мегардад.

Ҳамчунин имсол дар Тоҷикистон Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, Бизнес-форуми соҳибкорони мамлакатҳои узви ин созмон, мулоқоту вохӯриҳо бо роҳбарони сатҳи олии давлатҳои аъзои созмон баргузор гардиданд, ки ҳама, дар маҷмӯъ, ба рушд ва тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорон мусоидат хоҳанд кард.

Давом...



Ба рӯйхат рӯдодҳо