Ҳамоишҳои соҳибкорӣ 2017

 Бо мақсади ҷалби сармоя ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва муаррифии имкониятҳои сармоягузории ва соҳибкории Тоҷикистон дар давоми соли 2015 як қатор ҳамоишҳои иқтисодӣ чорабиниҳои самти соҳибкорӣ баргузор карда шудаанд. Аз он ҷумла:

         - Мизи Мудавар дар мавзўи роҳҳои беҳтар намудани ҷалби сармоягузорӣ бо иштироки олимон ва коршиносон 6 апрели соли 2015;

      - Бизнес Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса 23-25 апрели соли 2015;

      - Нишасти дуҷонибаи соҳибкоронӣ Тоҷикистону Дубай 11-12 майи соли 2015;

         - Бизнес Форуми соҳибкоронӣ Тоҷикистону Олмон 18 майи соли 2015;

         -Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Покистон 13  июли соли 2015;

         - Мизи мудаввар оид ба рушди соҳибкорӣ байни занон дар шаҳри Душанбе 8 октябри соли 2015;

         - Форуми байналмилалӣ оид ба рушди соҳибкорӣ миёни ҷавонон 12 октябри соли 2015;

         - Форуми Байналмилалии соҳибкори ва сармоягузории Душанбе 2015 таҳти унвони «Саҳми соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар рушди устувор» 14 октябри соли 2015;

    - Намоишгоҳи тиҷорати сайёҳии «Rоad Show Корея ва Осиёи Марказӣ» дар чаҳорчубаи «9-умин Форуми ҳамкории Корея бо кишварҳои Осиёи Марказӣ», рузҳои 4-6 октябри соли ҷорӣ ба шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея;

         - Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Покистон 29 октябри соли 2015;

         - «Форуми соҳибкории иноватсиони аз нигоҳи рушди иқтисод» дар доираи Ҳафтаи ҷаҳонии соҳибкорӣ, сани 17 ноябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе;

     - Форуми байналмилалии занони фаъол ва соҳибкор санаи 19 ноябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе бахшида ба Ҳафтаи ҷаҳонии соҳибкорӣ;

Ҳамчунин дар ин давра дар доираи ҳафтаи Авруосиё ки санаи 23-27 ноябри соли 2015 дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса баргузор гардид, Раиси Кумита бо ҳайати соҳибкорон дар ин чорабинии муҳим иштирок намуда бо ассатсиатсияи MEDEF Фаронса ёддошти ҳусни тафоҳумро ба имзо расониданд.

 

Баргузории Бизнес Форум ва ҳамоишҳои соҳибкорӣ дар соли 2016

 

Оид ба ташкил намудани ҳамоишҳои соҳибкорӣ дар мамлакат, бо мақсади дар сатҳи зарури баргузор намудани чорабиниҳо бахшида ба таҷлили “Рузи соҳибкор” 14 октябри соли 2016 тадбирҳои дахлдор андешида шуда истода доир ба ташкил кардани Бизнес форуми “Хатлон 2016” дар шаҳри Кулоб лоиҳаи Барнома, Рузномаи форум таҳияи ва ҷиҳати мувофиқа ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ирсол гардид.

Ҳамзамон, дар доираи Бизнес-Форуми сохибкорони Тоҷикистону Туркманистон 10 марти соли 2016, бо иштироки 100 нафар соҳибкорон аз ду ҷониб ва баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятноки иқтисодӣ муарифӣ ва гуфтушунидҳо барпо гардидаанд.  

Инчунин, дар натиҷаи Бизнес-Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Корея 30 марти соли 2016, байни КВД “Тоҷинвест”-и  Кумита ва Кумитаи дустии Корея Ёддошти ҳусни тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид.

Илова бар ин ҷиҳати омодагӣ ба баргузории Бизнес-Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Олмон санаи 1 апрели соли 2016 дар доираи сафари вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федералии Олмон ҷаноби Ф.В. Штайнмайер корҳои зарурӣ анҷом дода шудаанд.