Ислоҳотҳо дар самти батанзимдарории фаъолияти соҳибкорӣ

Ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ

Лоиҳаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ» аз ҷониби Кумитаи давлатиии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ аз рӯи тадқиқоти Корпоратсияи байналмиллалии молиявӣ таҳия карда шудааст.

Фармони мазкури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароитҳои боз ҳам мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва беҳтар намудани иқлими сармоягузорӣ равона карда шудааст.

Сабаби асосии татбиқи ислоҳоти мазкур ин нишондиҳандаҳои пасти байналмиллалии ҷумҳурӣ дар самти иқлими сармоягузорӣ мебошад, ки бинобар сабаби танзими аз ҳад зиёди давлатӣ оид ба фаъолияти соҳибкорӣ ба вуҷуд омадааст.

Расмиёти маъмурии мураккаб ва ношаффоф, ки соҳибкорон ҳангоми таъсис намудан ё пешбурди соҳибкорӣ бояд риоя намоянд, ба онҳо хеле гаронӣ мекунад. Хароҷотҳои зиёди фаъолияти соҳибкорӣ бо сабабҳои зайл ба вуҷуд меоянд:

- вуҷуд надоштани заминаи ҳуқуқии дақиқ, ки низоми додани иҷозатномаҳоро ба танзим дарорад;
- мухолифат дар байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дар сатҳи зарурӣ иҷро нагардидани қонунҳо;
- вуҷуд надоштани тақсимоти ҳудудии ваколатҳои мақомотҳое, ки машғули додани санадҳои иҷозатдиҳӣ мебошанд;
- вуҷуд надоштани шаффофият ва дастрасии маҳдуди соҳибкорон ба манбаи меъёрӣ;

Расмиёти вуҷуддоштаи маъмурӣ дар мақомотҳо, ки бо додани санадҳои иҷозатдиҳӣ барои фаъолияти соҳибкорӣ машғул буданд, боиси ҳолатҳои коррупсионӣ гардидаанд. Аз ҷумла, тибқи ҳисоботи Корпоратсияи байналмиллалии молиявӣ ҳиссаи умумии даромаднокии буҷет аз ҳисоби иҷозатномаҳои пешниҳодгардида 1,8 млн. доллари ИМА-ро дар як сол ташкил дода, дар навбати худ хароҷот барои мавриди амал қарор додани низоми иҷозатдиҳӣ 2,3 млн доллари ИМА-ро талаб менамуд.

Механизми ҷоригардидаи ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ, баррасӣ ва таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки додани иҷозатномаҳоро барои амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ ба танзим медароранд, бо мақсади мувофиқагардонии онҳо ба критерияҳои  қонунӣ ва зарурӣ буданашон барои рушди соҳибкорӣ дар назар мегирад. Механизми зерин имконият медиҳад, ки:

- сараввал ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳие, ки аз ҷиҳати маънавӣ кӯҳна гардиданд ва ё ба талаботи иқтисоди бозоргонӣ ҷавобгӯй намебошанд беэътибор намояд. Расмиёти маъмуриро соддатар намуда, мӯҳлати гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро камтар гардонад. Дар ин ҷода, дар назар аст, ки дар натиҷаи кам намудани расмиёти маъмурӣ оид ба гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ 40 %-и хароҷотҳои соҳибкории хурду миёна, то ба ҳадди 450 хаз. доллари ИМА камтар хоҳад гардид.
- дуюм, муқаррар гардидани арзиши расмии ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ шаффофияти ҷароёни мазкурро таъмин намуда, ба соҳибкорон имконият медиҳад, ки то ба 1,13 млн. доллари ИМА маблағҳои худро сарфа намоянд.

Бомуваффақият ба анҷом расонидани татбиқи ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ ба Тоҷикистон ҷиҳати ташкили низоми нави иҷозатдиҳӣ имконият фароҳам месозад, ки дар навбати худ шаффофиятро таъмин намуда, ба рақобати озоду ҳавасмандӣ хоҳад овард. Инчунин, иқдоми мазкур барои рушди соҳибкорӣ мусоидат намуда, боиси ҷалби сармояи хориҷӣ ва ватанӣ мегардад, ки ин дар навбати худ болоравии иқтисодиёт ва рушди босуботи иҷтимоиро таъмин хоҳад намуд.
 

Таърихи чораҳои андешидашуда:

1. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳо оид ба амалигардонии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 майи соли 2009, №305 Комиссия оид ба такмилдиҳии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ танзим менамояд, таъсис дода шудааст.
2. Дар асоси супориши Комиссия ба вазорату идораҳо ва мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти иҷроия дастур дода шуд, ки то декабри соли 2009 ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии соҳавиро барои баррасӣ ва таҳлил пешниҳод намоянд. Дар натиҷа 200 адад ҳуҷҷатҳои асосоноки иҷозатдиҳӣ пешниҳод гардид.
3. Аз моҳи декабри соли 2009 то охири моҳи январи соли 2010 қисмати дуюми татбиқи чорабиниҳо ҷиҳати аз нав дида баромадани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ аз ҷониби бахши хусусӣ оғоз гардид.
4. Ба ҳолати имрӯза аз ҷониби Комиссия ба пуррагӣ тамоми маводҳои пешниҳодшудаи вазорату идораҳо аз нав дида баромада шуда, баҳодиҳии иҷозатномаҳои вуҷҷуддошта гузаронида шуд. Қарорҳои протоколии Комиссия ба баррасии Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод карда шудааст.
5. Ба ғайр аз ин аз ҷониби гурӯҳи кории таъсисдодашуда ҷиҳати таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» чораҳо андешида шуда истодааст.
 

Ислоҳот дар соҳаи сохтмон
Барномаи «Беҳбудии фазои соҳибкорӣ - 200 рӯзи ислоҳот»

Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз натиҷаи мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорон аз 14 октябри соли 2014

Ислоҳоти иҷозатдиҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҳлили вазъ, масъалаҳо ва дурнамои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистон

Баргузории Бизнес Форумҳо дар давоми соли 2014 ва ба ҳолати 1 июли соли 2015