Рейтинги Бонки Ҷаҳонӣ оид ба «Пешбурди соҳибкорӣ»

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 11 Протоколи №8-и маҷлиси Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 2016 оид ба баланд бардоштани нуфузи ҷумҳурӣ дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ чунин иттилоъ медиҳад.

 Бо мақсади баланд бардоштани мавқеи ҷумҳурӣ дар арзёбиҳои байналмилалӣ Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ»-и Бонки Ҷаҳонӣ аз 3 майи соли 2014, №300 қабул гардида, аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор мавриди татбиқ қарор дода шудааст.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам мониторинги татбиқи Нақшаи чорабиниҳои мазкурро гузаронида, аз натиҷаи он ба Ҳукумати мамлакат ва коршиносони ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ барои арзёбии дастовардҳои ислоҳот дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, ки ба баланд бардоштани мавқеи мамлакат дар ҳисоботи мазкур мусоидат менамояд, пешниҳод менамояд.

Ҷиҳати татбиқи банди 6-и Нақшаи чорабиниҳои мазкур ба андозситонӣ бахшида шудааст, як қатор чорабиниҳо дар самти такмил додани маъмурикунонии андоз амалӣ карда шудаанд.

Аз ҷумла, пардохтҳои андозӣ аз 31 ба 28 адад ихтисор шуда, аз 1 июли соли 2015 тибқи моддаи 51 Кодекси андози низоми электронии пешниҳоди эъломияҳои андозӣ дар реҷаи он-лайн  ва пардохти андозҳо тавассути БАД “Амонатбонк” ҷорӣ гардид, ки пеш аз ҳама ба кутоҳ вақти пардохти андозҳо равона карда шудааст.

Дар натиҷа, аз рӯи нишондиҳандаи андозбандӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба мавқеи 178-уми соли гузашта 6 зина боло баромада, дар соли 2016 мавқеи 172-юмро ишғол намуд ва 43,53%-и таҷрибаи пешқадами ҷаҳониро аз худ намуд.

Баландшавии мавқеи мамлакат аз руи нишондиҳандаи “андозбандӣ” дар баробари беҳтаршавӣ аз рӯи якчанд нишондиҳандаи дигар мавқеи мамлакатро дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” 34 зина боло бурда, Тоҷикистон аз ҷои 166 ба 132 баромад ва 54,19%-и таҷрибаи пешқадами ҷаҳониро ба даст овард.

Аммо бо вуҷуди ин дар ҳисобот афзоиши вақти барои пардохти андозҳо зарур аз 209 то 276 соат ва меъёри умумии андоз аз 80,9% то 81,8%-и фоидаи соҳибкорон ба назар мерасад.

Ҳоло он ки дар сатҳи минтақа шумораи пардохтҳои андозӣ 20,5 пардохт, вақти барои пардохти андозҳо зарур 232,7 соат ва меъёри умумии андоз 34,8%-и фоидаи соҳибкориро ташкил медиҳад.

Тибқи моддаи 252 Кодекси андоз аз 1 январи соли 2015 меъёри андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ба андозаи 50 фоиз паст кардашуда, аз аввали соли 2017 пурра хориҷ карда мешавад.

Бо назардошти он ки андози мазкур 33%-и сарбории андозиро ташкил медиҳад, пурра хориҷ намудани он ба кам кардани сарбории андозӣ барои соҳибкорон равона карда шудааст.

Қадами минбаъда дар ин самт мунтазам кам кардани шумораи пардохтҳои андозӣ, вақти барои амалигардонии ин пардохтҳо зарурӣ, кам кардани сарбории  умумии андозӣ барои соҳибкорон аз ҳисоби меъёри андози иҷтимоӣ, андоз аз даромад ва дигар андозҳо, гузаронидани чорабиниҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳии соҳибкорон аз ислоҳоти дар ин самт татбиқшуда, баланд бардоштани саводнокии андозсупории онҳо ва таъмини дастрасии соҳибкорон ба алоқаи интернет ба ҳисоб меравад.

 

Ҷадвали муқоисавии нишондиҳандаи “Андозбандӣ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, мамлакатҳои Аврупову Осиёи Марказӣ ва кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) дар соли 2016

 

Нишондиҳандаи «Андозбандӣ»

Tоҷикикистон

Аврупо ва Осиёи Марказӣ

СҲИР

Пардохтҳои андозӣ (шумора дар як сол)

28.0

20.5

11.1

Соат  (соат дар як сол)

276.0

232.7

176.6

Андоз аз даромад (%)

17.7

10.8

14.9

Андоз ва пардохтҳо аз музди меҳнат (%)

28.5

20.4

24.1

Дигар андозҳо (%)

35.6

3.1

1.7

Сарбории умумии андозӣ (% аз даромад)

81.8

34.8

41.2

 

Сарчашма: www.doingbusiness.org

Тавре аз натиҷаи арзёбии ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” бармеояд, бо вуҷуди дастовардҳои назаррас мавқеи ҷумҳурӣ аз рӯи нишондиҳандаи “Андозбандӣ” дар қиёс бо кишварҳои минтақа начандон баланд буда, идомаи мантиқии ислоҳотиро ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ  тақозо менамояд.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ мониторинги татбиқи Нақшаи чорабиниҳои мазкурро гузаронида, аз натиҷаи он ба Ҳукумати мамлакат ва коршиносони ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”-и Бонки Ҷаҳонӣ барои арзёбии дастовардҳои ислоҳот дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, ки ба баланд бардоштани мавқеи мамлакат дар ҳисоботи мазкур мусоидат мекунад, манзур менамояд.