Лоиҳаи «Баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ»

ЛОИҲАИ

“Баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ”

 

Созишномаи грантӣ оид ба  маблағгузории  лоиҳаи “Баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ”  байни Ҷумҳурии Тоҷикистон (“Грантгиранда”) ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (“Ассотсиатсия”) Бонки Умумиҷаҳонӣ санаи 8 июни соли 2012  ба имзо расида, он бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8.01.2014 № 1403 тасдиқ гардидааст.

Маблағи умумии лоиҳа 10 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Лоиҳаи мазкур баъд аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намудани шартҳои муайян (таҳияи Дастурамал оид ба идоракунии лоиҳа, интихоби мушовир оид ба молия, насби барномаи муҳосибии автоматикунонидашуда, ва таъсиси Шўрои ҳамоҳангсозӣ)  санаи 6 сентябри соли 2012 эътибор пайдо намуда, расман санаи 2  феврали соли 2013 баъд аз ҳал гардидани мушкилот вобаста ба пардохтҳо байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ оғоз гардид.

Лоиҳаи мазкур давоми ислоҳотҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ анҷом додашуда мебошад ва ба устувор гардонии институтсионали натиҷаҳои онҳо равона карда шудааст.

-Мақсади Лоиҳаи мазкур баланд намудани рақобатнокии бахши хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи бартараф намудани монеаҳо ва содагардонии расмиётҳои маъмурии вобаста ба фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ буда, он чорабиниҳои зеринро дар бар мегирад:

1)        соддагардонии ҷараёни бақайдгирии корхонаҳо ва раванди гирифтани иҷозатнома барои сохтмон;

2)        такмили санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ ва беҳтар намудани заминаҳо ҷиҳати таъмини дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ;

3)        мусоидат ба рушди саноати коркарди кўҳӣ, таъмин карда мешавад.

Бо дарназардошти мақсаду мароми лоиҳаи “Баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ”  ба Созишномаи грантӣ аз 22 cентябри соли 2014 ислоҳот дароварда шуда, инчунин сохтори Лоиҳа аз нав созӣ карда шуд, ки  аз қисматҳои зерин  иборат гардид:

Қисмати  1. Дастгирии рақобатпазирӣ ва рушди саноати кўҳӣ ;

Қисмати  2. Мустаҳкам намудани низом ва равандҳои бақайдгирии соҳибкорӣ;  

Қисмати 3. Мустаҳкам намудани таҳкими институтсионалӣ ҷиҳати дастгирии “Равзанаи ягона” барои гирифтани иҷозатномаҳо барои сохтмон;         

Қисмати 4. Беҳтар намудани инфрасохтори молиявӣ;

Қисмати 5. Идоракунии лоиҳа;

Бо мақсади идоракунии лоиҳа дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Маркази идораи лоиҳа таъсис дода шудааст. Дар доираи татбиқи лоиҳа 8 вазорату идораҳо ҷалб карда шудаанд. Аз ҳар як  вазорату идораҳо ҳамоҳангсозон муайян карда шудаанд ва онҳо дар якҷоягӣ  бо Маркази идоракунии Лоиҳа фаъолияти худро пеш мебаранд.

Маркази идораи лоиҳа дар худ бунёди низоми мониторинг ва баҳодиҳии лоиҳаро таъмин менамояд.

Лоиҳаро  Раиси Кумита бо роҳбарии  Раиси Шўрои   ҳамоҳангсози идора мекунанд. Кормандони масъули Кумита ҳамчун ҳамоҳангсозон вобаста ба самти фаъолияти худ муайян карда шудаанд. Ҳамчунин бо мақсади тақвияти иқтидорҳои Кумита мушовирони соҳибтахассуси маҳаллӣ ҷалб карда шудаанд, ки айни ҳол  дар амалисозии татбиқи Лоиҳа фаъолияти худро фаъолона бурда истодаанд.